Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд

Октябрь 6, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025 «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» муттаҳид карда шуда, дар натиҷа Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъсиси ин корхона дар асоси таҷдиди сохторӣ доир шуда, бо мақсади рушди ҳамоҳангу самараноки бахши муросилоти мамлакат амалӣ гардид. Ин иқдом имконият медиҳад, ки хизматрасонии почтавӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо сифат ва суръати баланд  ба марҳилаи нав ворид гардад.

Ёдовар мешавем, ки муросилоти почтавии Тоҷикистон бо номи Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» аз соли 1997 фаъолият дошт. Ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» хизматрасонии гуногуни муросилотиро ба тамоми ҷумҳурӣ ва 192 давлати дунё ба таври фаврӣ ва боэътимод анҷом медиҳад.

 АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид