Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 29, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – заминаи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои давлатӣ, инчунин коршиносону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни кишвар,  аз ҷумла намояндагони мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ иштирок намуданд.  Иштирокчиён оид ба  нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ибрози назар намуданд.

Дар конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар мавзуи «Таърих ва таҳияи Конститутсия» маъруза намуд.

«Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мегардад ва имрӯз мо бо сарфарозӣ гуфта метавонем, ки ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ тавонист барои бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон заминаи калидӣ ва роҳу василаи дурустро барои ояндаи дурахшон ба вуҷуд биёрад»,-гуфт Зариф Ализода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  афзуд, ки дар як марҳалаи ҳасоси таърихӣ таҳияи чунин санад кори басо мушкил буд, вале маҳз кордонӣ, масъулият ва садоқати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд бо таклифу пешниҳодҳои ҷолиб  як гурӯҳи кории босалоҳият созмон диҳанд ва пайваста аз он натиҷагирӣ намоянд.

Дигар иштирокчиёни ҳамоиш  иброз доштанд, ки бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими ҳуқуқҳои занон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам кардани ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва минбаъд такмил додани онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ дар се даҳсолаи охир натиҷаҳои самарабахшро бар бор оварданд.

Тазаккур дода шуд, ки тибқи моддаи 17 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Идомаи мантиқии он бо қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паешгирии зӯроварӣ дар оила» ифодаи худро ёфтааст.

Ҳамзамон барои ҷалби занону духтарон  дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» қабул гардид.

Ин санадҳо бо мақсади ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ба роҳ монда шудаанд, ки иҷрои он зина ба зина таъмин гашта истодааст.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид