Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати молияи Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимон, ҳуқуқшиносон ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Мақсади ҳамоиш аз баррасии афзалият ва мушкилот дар рушди қонунгузории марбут ба шаҳрак ва деҳот, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ барои худидоракунии маҳаллӣ, ба роҳ мондани механизмҳои муассири ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди устувори фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ҷумҳурӣ иборат буд.
Иброз шуд, ки бо татбиқи сиёсати адолатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идоракунии маҳаллӣ ба дастовардҳои назарас ноил гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ки солҳои охир такмил ёфтааст, барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Иштирокчиёни ҳамоиш таклифу тавсияҳо пешниҳод намуданд, ки метавонанд дар рушди минбаъдаи қонунгузорӣ ва таҳияи барномаҳои минбаъдаи давлат дар самти идораи маҳаллӣ нақши муҳим бозанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






