Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад

Октябрь 26, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Форум бо мақсади муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун доир карда мешавад.

Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонунгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 26, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид