Дар Душанбе масъалаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Душанбе масъалаи татбиқи барномаи ҳамкории сеҷониба байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён ва Созмони байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Дар ҷамъомад Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва Директори Бюрои Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Михаил Пушкин оид ба таҳияи Нақшаи амал оид ба ҳамкории шарикони сетарафа, ки ҳадафи он тақвияти шарикии иҷтимоӣ, таъмини меҳнати арзанда, шуғли устувор ва рушди сиёсати самараноки меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ибрози андеша намуданд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи марҳалаҳои қаблӣ таъкид намуданд, ки барномаи нав идомаи мантиқии фаъолияти муштарак буда, ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 мусоидат менамояд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, такмили механизмҳои ҳифзи иҷтимоии кормандон, мутобиқсозии меъёрҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамчунин таъмини шароити бехатар ва одилонаи меҳнат баррасӣ гардиданд.
Солеҳа Холмаҳмадзода иброз намуд, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкони бастани созишномаҳо ва шартномаҳои коллективиро барои муқаррар намудани шартҳои иловагии меҳнат, кафолатҳои иҷтимоӣ ва музди муносиб фароҳам меоранд. Ҳамзамон ёдовар гардид, ки татбиқи самараноки ин меъёрҳо танҳо дар асоси ҳамкории сеҷонибаи сохторҳои давлатӣ, балки иттифоқҳои касаба ва корфармоён имконпазир мебошад.
Аз ҷониби намояндагони Созмони байналмилалии меҳнат низ иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти сиёсати меҳнатӣ ва тақвияти шарикии иҷтимоӣ баланд арзёбӣ гардиданд. Онҳо омодагии худро барои идомаи дастгирии техникиву машваратӣ, тақвияти қобилиятҳои институтсионалӣ ва мусоидат кардан ба рушди бозори меҳнати устувор дар мамлакат изҳор доштанд.
Дар доираи вохӯрӣ Созишномаи умумии сетарафа байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён ва Бюрои Созмони байналмилалии меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Имзои ин санад оғози марҳалаи нави ҳамкорӣ байни шарикони иҷтимоии мамлакат ва Созмони байналмилалии меҳнат ба ҳисоб меравад, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии сиёсати меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими муколамаи иҷтимоӣ, рушди меҳнати шоиста ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон нигаронида шудааст.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






