Дар Хатлон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 30 миллиард сомониро ташкил додааст

Октябрь 25, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 30,9 миллиард сомониро ташкил додааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Аз моҳи январ то сентябри соли 2025 дар вилоят 182,7 ҳазор тонна пахта, 1,59 миллион тонна сабзавот, 935 ҳазор тонна полезӣ, 346 ҳазор тонна мева, 123 ҳазор тонна ангур, 122 ҳазор тонна гӯшт ва 344 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.

Фаъолияти масъулини соҳа ва кишоварзони вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин, яъне гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, афзоиш додани ҳосилнокии зироат ва рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардидааст.

Иқлими вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат хусусияти хос дошта, барои бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум имконияти зиёд дорад. Аз ин рӯ кишоварзони вилоят дар самти ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар саҳм мегузоранд.

Имсол дар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ дар 2,5 ҳазор гектар 75 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 24,5 ҳазор тонна помидор ва 21 ҳазор тонна бодиринг парвариш ёфтааст.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара чор гармхонаи наву муосири хоҷагии деҳқонии Восеъро, ки дар деҳоти Пушинг ҷойгиранд, мавриди истифода қарор доданд.

Ин гармхонаҳо бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда, барои парвариши помидор, бодиринг ва лимӯ пешбинӣ гардидаанд. Дар ҳар гармхона шароити мусоид барои нашъунамои зироат фароҳам оварда шудааст. Системаи обёрии қатрагӣ ва таҷҳизоти идоракунии ҳарорат имконият медиҳад, ки дар як сол ду маротиба ҳосил ба даст оварда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо раванди кор дар гармхонаҳо таъкид намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои кишоварзӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Сарвари давлат ба натиҷаи заҳмати кишоварзони хоҷагии деҳқонии Восеъ баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро дар рушди соҳаи кишоварзӣ арзанда номиданд.

Пешвои миллат ба масъулин дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки имконият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро афзоиш дода, барои рушди устувори соҳа, бахусус дар шароити гармхона иқдоми нав андешанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар

Октябрь 25, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд