Дар Пекин Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон дар шаҳри Пекин пешниҳод намуд, ки ҳамкории муштарак дар самти рушди занон таҳким бахшида шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба CGTN.
Си Ҷинпин иброз намуд, ки аввалан зарур аст шароит барои рушди босифат ва пешрафти занон фароҳам оварда шавад.
«Дуюм, бояд неруи нав барои пешбурди фаъолияти босифати занон ташаккул ёбад, — изҳор дошт Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин. — Сеюм, низоми устувори идоракунӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон бунёд гардад. Чаҳорум, бояд боби нав дар таҳкими ҳамкории глобалӣ дар соҳаи занон навишта шавад».
Ёдовар мешавем, ки дар Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон тақрибан 800 намояндаи беш аз 110 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
АКС: CGTN








Мусоҳибаи хабарнигори CGTN доир ба изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин
ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ-РОҲИ ШУКУФОӢ! Ва ё чӣ гуна деҳаи Юйчун ба намунаи шукуфоии сайёҳии «сабз» табдил ёфт
Си Ҷинпин даъват намуд, ки андешаҳои мардум дар таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум ба назар гирифта шаванд
Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин
Вобаста ба мавзуи «Иқтисодиёти Чин ва ҷаҳон: ҳамкорӣ ва имконият» ҷаласа доир шуд
Дар Пекин иҷлосияи 3-юми Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин, даъвати 14 -ум оғоз ёфт






