Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 42 масъала қабул намуданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Тибқи рӯзнома, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», ки дар шакли қонуни мукаммал қабул ва пешниҳод гардидааст, инчунин қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироати кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҷонибдорӣ карда шуданд.
Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Карим Каримзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайдалӣ Раҳмонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Дилором Абдураҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оймаҳмадзода Маҳмадҷон ва Шаҳло Ваҳобзода бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насиба Ҷуразода, Мавҷуда Пӯлодӣ ва Алифмо Хушмаҳмадзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хисрав Раҳимзода ва Бахтиёр Наимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвина Раҷабзода бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Абдураҳимзода Дилором Рустам муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳотам Раҷабзода муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ, Сайдалӣ Раҳмонзода муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Соҳибзода судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлудахон Мирзозода, Хисрав Раҳимзода, Ҷалолиддин Азизӣ, Манучеҳр Мирзозода ва Ҳусейн Баротзода судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Парвина Раҷабзода судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Дар идомаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 баррасӣ карда, қарори дахлдор қабул намуданд.
Дар фарҷом аз рӯи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси миллӣ дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва иваз намудани номи он ба Ваҳдатобод қабул гардид.
Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур баргузор гардид
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир гардид
Оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон ҷаласа доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон ва ҳокимияти иҷроия ҷаласа баргузор шуд
Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд






