Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ҳадаф аз баргузории Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






