Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар шаҳри Омски Федератсияи Русия Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз шуд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум кормандони ҷавони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» ва ҷавонони фаъоли соҳаи фарҳангу санъат иштирок доранд.
Дар форум, ки 3 рӯз идома меёбад, ҷавонони Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ иштирок мекунанд.
Иштирокдорон дар 4 самт (Пулҳои фарҳангӣ: Санъат ҳамчун забони умумифарҳангӣ; Овози расона; Фарҳанг дар фазои рақамӣ) лоиҳаҳои таҳқиқотӣ омода карда, зимни форум онҳоро ба мутахассисон муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки форум маротибаи панҷум баргузор мегардад ва давоми ин муддат дар он зиёда аз 200 ҷавон аз давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намудаанд.
Форуми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба дӯстии ҷавонон, шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва урфу одат мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






