Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид

Октябрь 15, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Намои берунии иншоот бо шаклу услуби хоси меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардида, дар тарғиби фарҳанги ғании миллии тоҷикон ва тақвияти муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин ошхона бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толятии Федератсияи Русия сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ошхона навъҳои зиёди таомҳои миллии тоҷикӣ омода ва ба мизоҷон пешниҳод мегарданд. Маҳорати баланди омода намудани таъоми миллии тоҷикон ва фазои гарму меҳмондӯстонаи он аллакай таваҷҷуҳи на танҳо ҳамватанон, балки дигар сокинони маҳаллиро низ ба худ ҷалб намудааст.

Масъулини ошхона нақша доранд, ки дар ин макон барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла шоми шеъру суруд, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва рӯзҳои миллии таомҳо баргузор намоянд. Амалисозии чунин ташаббусҳо намунаи равшани худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби ҳамватанон дар хориҷи мамлакат мебошад.

Бунёди ошхонаи миллӣ дар шаҳри Толяти дар баробари таҳкими робитаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, инчунин барои шинос намудани дигар миллатҳо бо арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳанги тоҷикон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва тақвияти мероси миллӣ дар хориҷи мамлакат амалӣ гардида, барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадами муҳим маҳсуб мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд