Дар Шуғнон то охири сол неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад

Октябрь 25, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 25.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои насби панелҳои офтобӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 3 мегаватт (0,5 МВт иқтидори системаҳои нигоҳдории энергия (батарея)) оғоз ёфтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Татбиқи лоиҳа ба тавсеаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини устувории таъминоти неруи барқ дар минтақа мусоидат менамояд.

Неругоҳ дар баландии 2 ҳазору 660 метр аз сатҳи баҳр бунёд карда  мешавад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бо истифода аз таҷриба ва технологияҳои муосир анҷом дода мешаванд.

Дар айни замон 40 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар назар аст, ки неругоҳ то охири соли равон ба истифода дода шавад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 25, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид