Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд

Октябрь 30, 2025 09:51

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар доираи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Саҳиба Ғафарова мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода зимни мулоқот иброз намуд, ки имрӯз дастовардҳое, ки дар муносибатҳои дуҷониба муяссар гардидаанд, натиҷаи талошҳои дипломатӣ, дӯстӣ ва иродаи сиёсие мебошанд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу Алиев амалӣ мегарданд.

Иброз гардид, ки дипломатияи байнипарлумонӣ метавонад воситаи муассири пешбурди ҳадафҳои муштараки мо, таъмини самаранокии робитаҳои доимӣ байни гурӯҳҳои дӯстӣ, пешбурди манфиатҳои мутақобилан судманд ва густариши муколамаи байналмилалӣ гардад.

«Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш хоҳад кард, ки шарикии моро таҳким бахшад ва робитаҳоро рушд диҳад. Мо ҷонибдори тавсеа, амиқсозӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ, махсусан дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мебошем»,-гуфт Файзалӣ Идизода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид