Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо — аъзои гурӯҳи дӯстони бетараф барои сулҳ, амният ва рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки моҳи сентябри соли 2025 дар қатори 26 давлати дигар ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шудани Тоҷикистон, бахусус дар остонаи Соли байналмилалии сулҳу боварӣ, ки дар Туркманистон эълон шудааст, рӯйдоди муҳим буда, дар равобити бисёрҷонибаи кишварҳо нақши мусбат хоҳад дошт.
«Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, пайгирӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки бо ҳама кишварҳои олам сиёсати сулҳҷӯёна ва беғаразона пеш барад»,-гуфт Файзалӣ Идизода.
Иброз гардид, ки тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо ҳамеша омода аст, ки муносибатҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои мутақобили муфид, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории судмандро бо тамоми давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, тақвият бахшад.
Дар ин замина бояд аҳаммияти рушди муносибатҳо ва пайравӣ ба арзишҳои таърихан шаклгирифта ва умумибашарии бетарафиро таъкид намуд, зеро онҳо имрӯз дар тамоми ҷаҳон бисёр зарур ва муҳим гардидаанд.
«Бетарафӣ дар ҷаҳони муосир бо таърихи беш аз сесаду ҳафтодсола на танҳо худдорӣ аз иштирок дар равандҳои муайян мебошад, балки воситаи ба расмият шинохташудаи таҳкими сулҳ, рушди устувор ва таъмини амният аст. Бетарафӣ ҳамчун ниҳоди классикии ҳуқуқи байналмилалӣ дар таъмини сулҳи глобалӣ, амният ва рушди устувор, махсусан дар шароити ноустувории геополитикӣ ҳамеша нақши калидӣ бозидааст»,-изҳор намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Файзалӣ Идизода пешниҳод намуд, ки имконоти таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ ва баргузор намудани мулоқотҳои сатҳи баланд, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ дар байни ҷавонон равона гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид






