Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд

Октябрь 15, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дарёфти роҳҳои нави густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим ва истифодаи самараноки имконияту зарфияти мавҷудаи илмию таълимӣ 14 октябр зимни вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва намояндагони Бунёди аврупоии маориф (ETF)- Надежда Солодянкина ва Катарина Лукачова баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Фарҳод Раҳимӣ доир ба фаъолияти кумита ва муассисаҳои зертобеи он маълумоти мушаххас дода, аз сатҳи ҳамкории муштарак бо Бунёди аврупоии маориф изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки баъд аз таъсиси кумита нахустин иқдом ба омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ равона гардид. Ҳамзамон консепсияи фаъолияти кумита пурра таҳия ва муайян шуда, қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» аз дастовардҳои муҳим ва муваффақияти назарраси кумита дар ин самт ба ҳисоб меравад.

Аз аввали соли 2025 то кунун 37 муассиса аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, бо истифода аз маблағҳои ҷудогардидаи буҷет ва дастгирии шарикони рушд харидории таҷҳизоти зарурӣ низ шуруъ шуд. Интизор меравад, ки то охири сол якчанд муассисаҳо бо таҷҳизоти техникӣ, аёният ва озмоишгоҳҳо таъмин карда шаванд.

Надежда Солодянкина ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти малакаҳои «сабз», истифодаи энергияи барқароршаванда, ҷалби кормандони кумита барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами аврупоӣ, инчунин аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон изҳори умедворӣ намуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид