Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд

Октябрь 30, 2025 08:32

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Ба ин муносибат муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Дилноза Аҳмадзода оид ба аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз ибрози андеша намудааст, ки дар зер пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

— Соли 1999 дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида бо таваҷҷуҳ ба таъсиси парламенти касбӣ, ки имконияти такмили сифатии қонунҳо ва ифодаи пурратари манфиати воҳидҳои ҳудудии алоҳида ва табақаҳоро фароҳам меовард, сохтори парламенти думаҷлиса муайян гардид.

Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд. Маҷлиси Олӣ чун мақоми воқеан қонунгузор ва намояндагӣ ба сифати мақом расмият пайдо кард, ки манфиатҳои ҳама табақаҳои ҷамъиятро ифода менамояд.

Мутобиқи ин навовариҳои конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар рушду инкишофи андешаи парламентаризми миллӣ ва амалияи демократисозии давлату давлатдорӣ таъсири амиқ расонид. Инчунин ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар ва ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар муқаррар шуд.

Тибқи муқаррароти Конститутсия, парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд.

Дар заминаи шаклгирии фаъолияти Парламенти касбӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 феврали соли 2000 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм дар асоси плюриализми сиёсӣ, бо риояи меъёрҳои бисёрҳизбиву алтернативӣ баргузор гардида, 41 нафар аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи бисёрмандатии интихобот дар асоси рӯйхатҳои ҳизбӣ, ҷамъ 63 нафар, ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд.

Дар даъвати сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои (2005-2010) низ дар асоси плюриализми сиёсӣ ва бисёрҳизбӣ баргузор гардид ва 63 нафар ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои чорум ва панҷум солҳои (2010-2020) низ бо риояи меъёрҳои бисёрҳизбӣ, шаффофу алтернативӣ баргузор гардида, 41 нафар аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ, ҷамъ 63 нафар, ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуданд.

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 1 марти соли 2020 дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки 63 нафар вакилон ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор интихоб шуданд.

Дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 2 марти соли 2025 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум бо риояи меъёрҳои бисёрҳизбӣ, шаффофу алтернативӣ баргузор гардид ва дар он 63 нафар вакилон ба ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор интихоб шуданд.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар доираи танзими қонунии масоили иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои кишвари рӯ ба инкишоф ба таври доимӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, вобаста ба зарурат тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон низ бо раъйи мардум амалӣ мегардад.

Зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия тақозои раванди такмили низоми сиёсӣ ва афзудани мақоми ҷаҳонии Тоҷикистон ва натиҷаи ибтикороти сарнавиштсози роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки муваффақ шуд кишварро аз марҳалаҳои ташаккули низоми қонунгузорӣ ва давлатдорӣ то ба мақоми давлатдории сатҳи ҷаҳонӣ раҳнамун созад.

Ин тадбири демократӣ боис гардид, ки бо дарназардошти ташаккули муносибатҳои нав дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои рушди низоми нави ҳуқуқӣ, аз байн бардоштани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ, таъмин намудани ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ, экспертизаи дақиқи илмӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зиддикоррупсионӣ, эҷоди қонунҳои нав ба манзури танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти бонкиву соҳибкорӣ ва дигар ниҳодҳои иқтисодӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои нав ворид карда шуданд.

Дар натиҷаи тағйиру иловаҳои ворид гардида, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф ва ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури низоми сиёсӣ шинохта шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуданд, синни 30-солагӣ ва таҳсилоти олӣ барои интихоб шудан ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ муқаррар гардид.

Бояд гуфт, ки боби 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра танзим намуда, иртиботи мустақим ва доимии маҷлисҳоро дар меъёрҳои ҳуқуқӣ мустаҳкам кардааст.

Дар ин замина муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифтани интихоботи Маҷлиси намояндагон, тартиби фаъолияти доимӣ ва касбии палатаи поёнӣ ва фаъолияти даъватии Маҷлиси миллӣ, талабот барои вакилӣ ва узвият ба маҷлисҳо, ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, тартиби фаъолияти маҷлисҳо дар шакли иҷлосия, тартиби интихоби раисон ва муовинони маҷлисҳо, тартиби ташкил ва баргузории ҷаласаҳои алоҳида ва якҷояи маҷлисҳо, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳо ва тартиби ихтиёрии пароканда шудани маҷлисҳо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии қонунгузорӣ ва намояндагӣ, ки фаъолияти доимамалкунанда ва касбиро дар асоси Конститутсия амалӣ менамояд, фаъолияти худро дар се самти муҳим аз ҷумла, фаъолияти қонунгузорӣ, намояндагӣ ва робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ ба роҳ мондааст.

Фаъолияти қонунгузорӣ аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳимме иборат аст, ки аз ҷониби субъектҳои ташаббуси қонунгузор пешниҳод мегарданд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод мешаванд.

Таҳлили татбиқи амалии ташаббуси қонунгузорӣ собит менамоянд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни фаъолияти даъватҳо қабулшуда барои пешрафти ҳарчи бештари ҷомеаи кишварамон заминаи комилан мусоидат фароҳам оварданд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самараи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нахустин парламенти касбии тоҷик ва мактаби навини намояндагӣ ва қонунгузорӣ мебошад, ки барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқӣ мегузорад ва ба рушду такомули ҷомеа дар асоси принсипҳои ҳуқуқбунёдии давлат мусоидат намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва эҳтироми қонун дар ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардааст.

Дар ин раванд Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти чандин созмонҳои байнипарламентӣ пазируфта шудааст, ки ин дар густариши парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати намуд. Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди парламентии кишварҳои аъзои Конфронси исломӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евроосиё, Иттиҳодҳои парламентҳои Осиё барои сулҳ дар шумори он созмонҳое ҳастанд, ки Парламенти Тоҷикистон ба узвияти онҳо пазируфта шудааст.

Ин ҳамкорӣ ба рушди парламентаризми миллӣ ва таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Ҳамчунин, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парламентҳои Латвия, Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Покистон, Эрон, Қувайт, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Британияи Кабир, Федератсияи Русия, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон ташкил ёфтаанд.

Таҳлили таҷрибаи таҳия ва қабули қонунҳо аз ҷониби маҷлисҳо дар заминаи Конститутсия собит менамоянд, ки қонунҳои қабулгардида ва дар амалия буда бо қонунҳои намунавии қабулнамудаи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мутобиқ мебошанд.

Инчунин таҷрибаи қонунэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби созмони байнипарламентӣ пазируфта шуда, ҳамчун намуна ё қонунҳои моделӣ ба парламентҳои миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тавсия карда шудааст.

Мақоми олии қонунгузор ва намояндагии мамлакат дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии ин санади олии ҳуқуқӣ, ки ифодакунандаи манфиати тамоми ҷомеа, иродаи тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад, ташаббуси қонунгузории худро амалӣ намуда, дар таҳкими сулҳу салоҳ, пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлатӣ, эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа тадбирҳои муассиро роҳандозӣ менамояд.

Октябрь 30, 2025 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд