Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Чин соҳиби Ҷоизаи аъло гардид

Октябрь 29, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ  Абдулло Мамадамон таҳти унвони «Баланд бардоштани самаранокии системаҳои нақлиётӣ ва кам кардани таъсир ба муҳити зист: Таҳқиқот оид ба таҷҳизоти гидравликӣ ва ҷузъҳои автомобилӣ» дар Озмуни байналмилалии инноватсия ва соҳибкории «Хайҷзи» дар Осиёи Шимолу Шарқӣ бо Ҷоизаи аъло (Excellence Award) сарфароз шуда, соҳиби сертификати озмун гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, озмун аз 23 то 26 октябр дар Парки саноатии иқтисоди рақамии шаҳри Шеняни Чин таҳти унвони «Ҷамъомади зеҳнӣ дар Ляонин ва Шенян — бунёди орзуҳо барои оянда» баргузор шуд.

Беш аз 320 лоиҳа аз 29 давлат дар нуҳ самти муҳими саноатӣ, аз ҷумла биотиб, робототехника, технологияҳои иттилоотии нав, маводҳои нав, сарфаи энергия ва ҳифзи муҳити зист, энергияи нав ва қисмҳои автомобилӣ пешниҳод гардид.

Дар даври ниҳоӣ, ки бо ҳузури 22 даста аз 15 мамлакат тариқи ҳузурӣ ва 28 даста ба таври маҷозӣ доир гардид, намояндагон лоиҳаҳои худро оид ба навовариҳои техникӣ, аҳамияти саноатӣ ва имконияти татбиқи амалии онҳо муаррифӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Октябрь 29, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид