Мусоҳибаи хабарнигори CGTN доир ба изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин

Октябрь 24, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба нашри изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин (даъвати 20-ум) мусоҳибаи  хабарнигори CGTN ба АМИТ «Ховар» пешниҳод гардид. Дар доираи мусоҳиба изҳорот таҳлил шуда, имконоти нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва амният, ки рушди Чин дар даврони нав барои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон фароҳам меорад, шарҳ дода шуд. Ин ҳамзамон нишон медиҳад, ки Чин тавассути рушди дохилӣ дар пешрафти  минтақа низ саҳм мегузорад ва муносибатҳои шарикиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад.

— Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки таснифи босуръати низоми сатҳи баландтари иқтисоди бозор анҷом дода шавад. Дар ин замина ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Чин ва Тоҷикистонро чӣ гуна тақвият бахшидан мумкин аст?

— Изҳорот пешниҳод намуд, ки ташаккули низоми сатҳи баландтари иқтисоди бозор рушд дода шавад, ки тавассути такмил додани идораи макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокии тақсимоти омилҳои истеҳсолот ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Чин ва Тоҷикистон неруи тоза мебахшад.

Дар сатҳи бозор Чин пайваста қоидаҳои тиҷорат ва муҳити сармоягузориро такмил медиҳад, ки ин имкон медиҳад маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ба мисли пахта ва меваҳои хушк ба бозори Чин ба осонӣ ворид гарданд. Баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла дар Синзян хароҷоти логистикаро коҳиш медиҳад.

Дар самти пайвастшавии инфрасохтор таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Чин–Тоҷикистон ва лоиҳаҳои роҳи оҳани сарҳадӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» суръат мегирад. Ин ба зудтар расонидани молҳои Тоҷикистон ба бозори истеъмолии Чин мусоидат мекунад.

Дар соҳаи ҳамкории саноатӣ Чин технологияҳои мувофиқ, ба мисли обёрии сарфаҷӯёна ва коркарди маъданҳоро ба Тоҷикистон мегузаронад, ки ин рушди саноати коркарди Тоҷикистонро дар асоси захираҳо, ба монанди маъдани мис ва руҳ пеш мебарад. Ин ба мамлакат имкон медиҳад, ки аз «экспорти ашёи хом» ба «баланд бардоштани арзиши иловашудаи истеҳсолот» гузарад ва ҳамкории дуҷонибаи тиҷорату иқтисодиро ба самти сифатан баланд ва устуворӣ пеш барад.

— Дар изҳорот ба модернизатсияи кишоварзӣ ва деҳот низ  таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Самтҳои мушаххаси ҳамкории кишоварзии Чин ва Тоҷикистон кадомҳоянд?

Пленум ба модернизатсияи кишоварзӣ ва деҳот диққати махсус дод ва ин се самти асосии ҳамкории кишоварзӣ байни Чин ва Тоҷикистон, аз қабили мубодилаи технологияҳо, васеъ кардани занҷираи истеҳсолот ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолиро муайян месозад. Дар соҳаи ҳамкории технологӣ Чин технологияҳои амалӣ, ба мисли обёрии сарфаҷӯёна ва гармхонаҳоро дар Тоҷикистон пеш мебарад, ки ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ кумак мерасонад. Дар самти васеъ кардани занҷираи истеҳсолот ҷонибҳо дар ҳамоҳангӣ корхонаҳои коркарди мева ва донагӣ месозанд, ки ба табдил додани маҳсулоти аввалини Тоҷикистон ба молҳо бо арзиши иловашудаи баланд мусоидат мекунад. Дар соҳаи беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Чин тухмиҳои зироати ба хушкӣ тобовар медиҳад ва омӯзиши технологияҳои парваришро ташкил мекунад. Ин ба аҳолии деҳот кумак мерасонад, то даромадҳои худро афзоиш диҳанд. Ин на танҳо амниятро дар соҳаи ғизо таъмин мекунад, балки алоқаҳоро дар ҳамкории кишоварзӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми ду давлат таҳким мебахшад.

— Изҳорот «модернизатсияи низоми амнияти миллӣ»-ро таъкид намуд. Чӣ гуна ҳамкории амниятии Чин ва Тоҷикистонро ҳамоҳанг кардан мумкин аст?

— Тавре дар изҳорот омадааст, Чин  модернизатсияи низоми амнияти миллиро пеш мебарад  ва ин барои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Чин ва Тоҷикистон метавонад шароит  фароҳам оварад. Ин ҳамоҳангӣ,  аз ҷумла ба ҳифзи муштараки марз ва устувории минтақавӣ метавонад мусоидат намояд.

Дар соҳаи амнияти сарҳадӣ Чин ва Тоҷикистон тавассути механизми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо таҳдидҳои терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебаранд. Бо назардошти он ки Тоҷикистон дар хатти аввали пешгирии  гардиши маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ қарор дорад, дар гузаргоҳҳои тиҷорати сарҳадӣ, ба мисли «Қаросу–Кулма» санҷишҳои муштараки амниятӣ анҷом дода мешаванд, бо ин пояи устувори амнияти сарҳадӣ таъмин карда мешавад.

Дар соҳаи устувории минтақавӣ Чин барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар дарозои 495 километри сарҳади Тоҷикистон бо Чин амнияти кофӣ таъмин мекунад, ки ин ба тартиби иҷтимоӣ ва рушди осоиштаи минтақаҳои сарҳадии Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Ин ҳама модели ҳамкории «рушд – амният»-ро ба вуҷуд меорад, ки барои ҳамкории мутақобили судманд замина фароҳам меорад.

Октябрь 24, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Пекин Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон баргузор гардид
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ-РОҲИ ШУКУФОӢ! Ва ё чӣ гуна деҳаи Юйчун ба намунаи шукуфоии сайёҳии «сабз» табдил ёфт
Си Ҷинпин даъват намуд, ки андешаҳои мардум дар таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум ба назар гирифта шаванд
Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин
Вобаста ба мавзуи «Иқтисодиёти Чин ва ҷаҳон: ҳамкорӣ ва имконият» ҷаласа доир шуд
Дар Пекин иҷлосияи 3-юми Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин, даъвати 14 -ум оғоз ёфт
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам