ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад

Октябрь 16, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ аз соати 23:00-и 16 октябр то соати 23:00-и 17 октябр дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар кӯчаҳои 9, 11, 12, 13, 14, 15А, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, маҳаллаҳои Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Шараф, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Зафар, Чавлибоӣ, Гиҷдалобод ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз сокинони ин кӯчаю маҳаллаҳо хоҳиш менамояд, ки миқдори зарурии обро захира намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад