Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст

Октябрь 20, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2018 инҷониб ҳамасола дар Тоҷикистон 26 октябр Рӯзи касбии кормандони мақомоти судӣ маҳсуб мешавад. Ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти давлатӣ ва пояи бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Он вазифадор аст, ки адолати иҷтимоиро таъмин намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ҳифз намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳокимияти судӣ бо роҳи ислоҳоти амиқи ҳуқуқию сохторӣ ва дар асоси меъёрҳои Конститутсия амалӣ гардида, имрӯз ба бахши мустақил, касбӣ ва таъсиргузори идоракунии давлатӣ табдил ёфтааст.

— Пайдоиш ва ташаккули асосҳои таъмини адолати иҷтимоӣ бо ташаккули афкор, ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои пешқадами иҷтимоӣ вобастагии устувор пайдо намудааст, ки он дар зинаҳои муайяни таърихӣ ба вуҷуд омадааст. Ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ба афкору ақида, пайдоиши таҷрибаи муайян дар низоми давлатдорӣ, танзими соҳаҳои идоракунии давлат, иқтисодӣ, иҷтимоию ҳуқуқӣ мусоидат намуда, боиси пайдоиш ва тасдиқи маҷмуи донишҳо ва меъёри рафтор мегардад.

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки масъалаи мустақилияти судӣ ҳамеша ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешуд ва барои ҳалли он роҳҳои гуногун пешниҳод мегардиданд. Ба амал омадани тағйирот дар ин самт ҷомеаро водор месозад, ки ҳамеша роҳҳои нави беҳтару муассиртари таъмини адолати судиро ҷустуҷӯ намояд.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мамлакат зарурати ислоҳоти судӣ ба амал омад. Ин ислоҳот ба беҳтар намудани сифати кори судҳо, боло бурдани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон, тақвияти қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ равона гардид.

Вобаста ба дигаргуниҳои куллии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалишавии ислоҳоти асосҳои адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон ба марҳилаҳои зерин ҷудо кард:

— Оғози ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар таърихи давлатдории миллӣ дар солҳои 1990-1994;

— Марҳилаи дуюми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар солҳои 1994-2003;

— Марҳилаи сеюми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар солҳои 2003-2016;

— Марҳилаи чоруми ислоҳоти судию ҳуқуқӣ шуруъ аз соли 2016.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба сохтмони давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадам гузошт. Меҳвари ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил дод. Тавассути меъёрҳои конститутсионӣ принсипҳои адолати судӣ шакли расмӣ гирифта, хусусияти умумиҳатмӣ пайдо намуданд, ки ҳадафи ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар Тоҷикистон ифода мекунанд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) оғози марҳалаи сифатан нав дар рушди низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ гардид. Мувофиқи моддаи 9 ва боби 8-уми Конститутсия, ҳокимияти судӣ шохаи мустақил эътироф гардида, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунад. Судҳо адолати судиро татбиқ мекунанд ва ягон мақоми дигар ҳақ надорад, ки ба фаъолияти онҳо дахолат кунад.

Конститутсияи Тоҷикистон моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне, судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат менамоянд.

Дар ин замина суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид мебошанд: «Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».

Бояд гуфт, ки то замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд. Баъдтар бо ислоҳоти судӣ ва қабул гардидани қонунҳои марбут ба фаъолияти судҳо ниҳодҳои зерин таъсис дода шуданд:

— Суди конститутсионӣ — барои назорати риояи Конститутсия ва мувофиқати қонунҳо ба он;

— Судҳои иқтисодӣ — барои баррасии баҳсҳои хоҷагиву тиҷоратӣ;

— Судҳои ҳарбӣ — барои баррасии парвандаҳо вобаста ба хизматчиёни ҳарбӣ ва амнияти давлатӣ.

Бо таъсиси ин ниҳодҳо сохтори судии мамлакат шакли муосир ва касбиро гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судиро яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ арзёбӣ намуда, пайваста барои такмил ва таҳкими он иқдоми муассирро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 якчанд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии мамлакатро таҳти танзим қарор медоданд ва таҳияи онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ намуда буд, қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо» буданд. Сипас бо мақсади танзими якхелаи фаъолияти мақомоти судӣ ин қонунҳо такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 дар як Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид карда шуда, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардиданд.

Ҳама ин санадҳо принсипи асосии адолати судӣ– мустақилият, шаффофият, баробарӣ дар назди қонун ва муҳокимаи одилонаро дар амал таъмин менамоянд.

Судҳо дар амалисозии адолат, танзими баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ бояд танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо такя кунанд. Кормандони мақомоти судӣ на танҳо ба ҳалли баҳсҳо машғул ҳастанд, балки адолатро барқарор ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд. Ҳамин аст, ки бе мавҷудияти як низоми судии одилона ва самаранок зиндагии орому ҳуқуқбунёд имконнопазир аст.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, аниқтараш соли 2003 барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи олӣ Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд. Ин марказ ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва интихобу омодасозии коромӯз-судяҳо машғул аст. Инчунин дар ин давра дар аксар шаҳру ноҳияҳо биноҳои наву замонавии Суди Олӣ ва судҳо сохта шуданд. Биноҳои кӯҳна таъмиру таҷҳизонида шуданд. Судҳо бо интернет, вебсомонаҳо, воситаҳои нақлиётӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда шуданд. Музди меҳнат ва шароити иҷтимоии судяҳо такмил дода шуд.

Соли 2021 бо қабули Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» принсипи ошкоро будани муҳокимаҳои судӣ ва дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ қонунӣ гардонида шуд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии шахсоне, ки дар мавриди ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон имконияти гирифтани ёрии ҳуқуқии пулакиро надоранд ва ниёзманди чунин кумак мебошанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 «Консепсия дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон» тасдиқ гардид. Ҳоло тибқи он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба шахсони камбизоат ёрии ҳуқуқии ройгон расонида мешавад.

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба ниҳоди комилан мустақил ва таъсиргузори идоракунии давлатӣ табдил ёфтааст. Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат адолати судӣ ҳамчун пояи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун татбиқ карда мешавад.

Рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судӣ, шаффофияти фаъолият, касбият ва масъулияти шахсии ҳар судя кафолати давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар хоҳад буд.

Дар шароити муосири ҷомеа, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши асосии давлат ба ҳисоб мераванд, нақши кормандони мақомоти давлатӣ, бахусус судяҳо беш аз ҳар вақти дигар муҳим гардидааст. Имрӯз ҷомеа аз судҳо на танҳо риояи қонун, балки маърифат, касбият, ахлоқи намунавӣ ва беғаразиро низ интизор аст.

Дар чунин шароит судя набояд танҳо як корманди давлатӣ бошад, балки ӯ бояд инсоне бошад, ки ба савганди худ содиқ монад, шаъну шарафи мансабашро эҳтиром кунад ва ҳар қарорро бо виҷдони пок ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ қабул намояд.

Дар ниҳоят, адолати судӣ пояи боварии мардум ба давлат аст. Агар судяҳо рисолати худро бовиҷдонона ва бо масъулият иҷро намоянд, метавон интизор буд, ки ҷомеа дар фазои ҳуқуқӣ ва бо боварӣ ба адолат рушд мекунад.

Шарифҷон САЙДАЛИЗОДА,
судяи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе,
майори адлия

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо шуъбаи ҷарроҳии бариатрикӣ ва герниологӣ пас аз таъмиру азнавсозӣ ба истифода дода шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси шашуми вазирони меҳнати кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Дар Давҳа масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат баррасӣ шуд