ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
САНГВОР, 25.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ситоди ноҳиявӣ таъсис дод. Дар айни замон нақшаи захираи ангишт ва ҳезум дар сохторҳои буҷетии ноҳия сад фоиз иҷро гардидааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттилоъ доданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор Сайало Ятимзода иброз дошт, ки то имрӯз барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои таълимию томактабии ноҳия 358,3 тонна ангишт, 458 метри мукааб ҳезум ва 1000 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудаанд. Дар 7 муассисаи таълимии ноҳия дегхонаҳо фаъол буда, дар муассисаҳои боқимондаи таълимии ноҳия 360 бухорӣ ва 58 гармкунаки барқӣ дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 300 метри мурабаъ шишабандӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин дар муассисаҳои томактабии ноҳия то имрӯз 6,1 тонна орд, 300 литр равған, 200 кг биринҷ, як тонна шакар, як тонна картошка, 600 кг пиёз ва як тонна маҳсулоти дигари хӯрокворӣ захира карда шудааст.
Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия — беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии деҳоту бунгоҳҳои тиббӣ 43,2 тонна ангишт, 83 метри мукааб ҳезум ва 1000 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ то имрӯз 1,4 тонна орд, 200 литр равған, 300 кг биринҷ, 300 кг шакар, 1,3 тонна картошка ва 300 кг пиёз захира гардидааст.
Барои захира намудани тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироати кишоварзӣ ба хотири сари вақт гузаронидани кишт, инчунин захиранамоии хӯроки чорво масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳияи Сангвор тадбирҳои мушаххас меандешанд. Дар ноҳияи Сангвор тибқи нақша бояд 33 ҳазору 840 тонна хӯроки чорво захира карда мешуд, ки ҳоло иҷрои он 102 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки роҳи байналмилалии Лаби ҷар- Сангвор роҳи мушкилгузар буда, сар задани офатҳои табиӣ дар ин роҳ бисёр мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ роҳбарияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои таъмини бемамониати воситаҳои нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода чораҷӯйӣ намуда, то имрӯз 160 метри мукааб маводи зиддилағжиш захира кардаанд ва техникаҳои муассисаро дар ҳолати корӣ нигоҳ медоранд.
Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, ситоди ноҳиявӣ дар самти омодагӣ ба фасли зимистон ба таври мунтазам кор мебарад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






