Озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни аксҳо таҳти унвони «Душанбе – шаҳри гулҳо ва зебоӣ»-ро тавассути саҳифаҳои расмии Dushanbe.travel дар шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «Instagram» эълон намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, ҳадафи баргузории озмун тарғибу ташвиқи иқтидору имконияти сайёҳии пойтахт, намоиши зебоии кӯчаҳо, хиёбонҳо, боғҳо ва гулгаштҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Дар озмун сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, дӯстдорони ҳунари аксбардорӣ ва инчунин аксбардорони касбӣ ва ҳаваскор, ки истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоии «Facebook» ва «Instagram» мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Аксҳо бояд зебоии кӯчаҳо, хиёбонҳо, боғу гулгаштҳои пойтахтро инъикос намоянд. Ҳар як иштирокчӣ бояд аксҳоро дар саҳифаҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоии болозикр бо иловаи шарҳи кутоҳ, ишораи саҳифаи @dushanbe.travel ва истифодаи хэштеги #dushanbe.travel ҷой намояд.
Муҳлати баргузории озмун то 25 октябри соли 2025 муқаррар шудааст.
Ғолибони озмун тавассути хадамоти Random онлайн муайян гардида, бо ҷоизаҳои зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
Дар бахши «Facebook»:
- Ҷойи якум — корти ройгони се-моҳа барои Қасри теннис ва маҷмааи варзишӣ-оби шаҳри Душанбе;
- Ҷойи дуюм — се рӯзи истироҳат дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»;
- Ҷойи сеюм — хӯроки шом бо дӯстон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт (барои 4 нафар).
Дар бахши «Instagram»:
- Ҷойи якум — корти ройгони се-моҳа барои Қасри теннис ва маҷмааи варзишӣ-оби шаҳри Душанбе;
- Ҷойи дуюм —се рӯзи истироҳат дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»;
- Ҷойи сеюм — хӯроки шом бо дӯстон дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт (барои 4 нафар).
Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасмандонро даъват менамояд, ки бо аксҳои зебои гирифтаи худ дар тарғибу ташвиқи имконияту иқтидори сайёҳии пойтахт саҳм гузоранд.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад






