РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
ДУШАНБЕ, 29.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи мағзи сар муқаррар шудааст. Чаро инсон ба сактаи мағзи сар ё инсулт гирифтор мешавад? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Тибқи нишондиҳандаҳои омории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион нафар одамон ба сактаи мағзӣ гирифтор мешаванд. Таҳлилҳои оморӣ собит месозанд, ки бемории сактаи мағзи сар аз ҷиҳати маъюбгардонии инсонҳо дар ҷаҳон дар ҷойи аввал ва дар фавт пас аз бемориҳои дил ва онкологӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд.
Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки сактаи мағзи сар яке аз бемориҳои шадиди системаи асаб буда, боиси маъюбӣ ва аз даст додани қобилияти корӣ мегардад. Инчунин солҳои охир ҷавоншавии ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Яъне ин беморӣ дар байни ҷавонон афзоиш ёфтааст. Дар солҳои қаблӣ бештар нафарони синнашон аз 50-60 сола боло ба ин беморӣ гирифтор мешуданд, вале тайи солҳои охир ҷавонон ва миёнсолон низ гирифтори сактаи мағзи сар мегарданд.
Табибони асабшинос таъкид мекунанд, ки омили асосии бавуҷудоии ин бемори фишорбаландии шараёнӣ мебошад, зеро дар шахсоне, ки фишорашон баланд аст, эҳтимоли ин беморӣ то 5 маротиба меафзояд. Ҳамчунин истифодаи носу сигор, машруботи спиртӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камҳаракатӣ, бемориҳои диабети қанд ва номураттаб шудани кори дил низ омили пайдо шудани ин беморӣ мегарданд.
Нишонаҳои бемории инсулт ё сактаи мағзи сар асосан душворӣ дар роҳи нафас, вайроншавии нутқ, гум кардани ҳиссиёт, заиф гаштани биноӣ, сарчархзанӣ ва аз кор мондани як тарафи бадан мебошанд.
Мутахассисон бар он назар ҳастанд, ки фарбеҳӣ яке аз омилҳои гирифторӣ ба бемории инсулт мебошад. Имрӯзҳо бошад дар саросари ҷаҳон гирифторшавӣ ба бемории фарбеҳӣ меафзояд.
Сактаи мағзи сар ё худ инсулт дар ҳолате ташхис мешавад, ки аломатҳои ин беморӣ дар бемор тӯли 24 соат давом карда бошанд. Сактаи мағзи сар ду намуд мешавад. Намуди аввал — ин сактаи ишемикӣ ё ин ки камхунӣ ва дуюм — сактаи хунрезӣ.
Табибон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати мушоҳида намудани чунин нишонаҳо ва то ҳозир шудани пизишкон дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоштан лозим аст. Инчунин тирезаҳои хонаро кушода монда, либосҳои танги беморро кашида, гиребон ва миёнбанди ӯро кушодтар намудан муфид аст. Зарур аст, ки фишори беморро санҷида, ҳангоми аз меъёр боло будани он ба бемор доруҳои зидди фишорбаландӣ ва доруҳои оромбахшанда диҳанд. Ҳамзамон маҳси дил низ дар ҳолати баланд шудани таппиши дил ба бемор кумак намуда метавонад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
САЙЁРАИ ЗАМИНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Замин
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»






