Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд

Октябрь 9, 2025 10:35

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи  чорабиниҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот рушди устувори робитаҳои байнипарламентии ду давлат иброз гардид.

Ба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию башардӯстӣ ва нақши назарраси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ин раванд таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ