Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид

Октябрь 30, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 29 октябр дар мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Ҷонибҳо вобаста ба тайёр намудани кадрҳои коргарӣ, омӯзиши забони ҷопонӣ, мубодилаи таҷриба ва дастгирии техникию методиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди фаъолияти кумита ва муассисаҳои зерсохтори он маълумот дода, иброз  дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд солҳои охир инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мамлакат ба таври назаррас рушд ёфтааст.

Изҳор гардид, ки барномаҳои ҳамкории байни Ҷопон ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) имконият медиҳанд мутахассисони ҷавон дар машғулиятҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ иштирок намуда, донишу малакаҳои худро дар самтҳои муҳандисӣ, энергетика, менеҷмент ва технологияҳои иттилоотӣ такмил диҳанд.

Дар суҳбат масъалаи омӯзиши забони ҷопонӣ дар муассисаҳои зерсохтори кумита ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷопон таъкид гардид.

Мусоҳибон аз ҷонибдорӣ ва ҳамкории устувори давлатҳо дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои байни кумита ва Сафорати Ҷопон минбаъд низ густариш меёбанд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид