Соли равон дар вилояти Суғд таъмир ва сохтмони беш аз 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 27.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъмир ва сохтмони 101 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин таъмири 86 адад марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои хизматрасонӣ мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 15 адад марказҳои саломатӣ низ дар назар дошта шудаст.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ дар Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ, Маркази саратоншиносии вилоятӣ, Беморхонаи шаҳрии №1 ва дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ идома доранд. Инчунин дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони бинои иловагии Беморхонаи марказӣ, ноҳияи Деваштич сохтмони Беморхонаи минтақавии деҳоти Далёни боло низ ҷараён доранд.
Дар вилояти Суғд 944 муассисаҳои тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаҳои госпиталӣ, 808 сохтори муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва 293 хусусӣ, ки аз онҳо 157 ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуд бо 58 намояндагӣ ва 78 соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар вилоят 15 756 катҳои бистарӣ, 13 703 катҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва 2053 катҳо дар муассисаҳои хусусии тиббӣ мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






