Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»

Октябрь 14, 2025 10:40

14.10.2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои расмӣ!

Сармоягузорон ва шарикони гиромӣ!

Дӯстони азиз!

Қабл аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» хайрамақдам мегӯям!

Муаррифии захираву имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузориҳо, омодагии кишвар барои ҳамкорӣ ва фанновариву ғояҳои нав, инчунин, тасмими Ҳукумати мамлакат барои идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат шароити мусоид фароҳам меоваранд, ҳадафи асосии ҳамоиши имрӯза мебошад.

Форуми Душанбе сармоягузориҳои «сабз»-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст.

Маҳз ба ин хотир, Форум зери унвони «Сармоягузориҳои «сабз»: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо» баргузор карда мешавад.

Мо итминон дорем, ки муҳокимаҳои созанда дар Душанбе имконияти хуберо барои муколама, мубодилаи дониш ва таҳияи стратегияҳо дар самти пешбурди сармоягузориҳои «сабз», ки василаи асосӣ барои расидан ба ояндаи устувор дониста мешаванд, фароҳам меоваранд.

Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, муаррифии иқтидори сармоягузории минтақа ва фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои оянда дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиатҳои мутақобила платформаи муҳимро муҳайё месозад.

Муҳтарам иштирокчиёни Форум!

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, бо таърихи куҳан, фарҳанги хос ва мероси ғанӣ мебошад.

Сарзамини мо дар давоми асрҳо ҳамчун пули байни халқҳо ва тамаддунҳо Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст.

Роҳи бузурги абрешим тавассути ҳудуди Тоҷикистони имрӯза гузашта, на танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ, балки робитаҳои фарҳангиро низ таҳким бахшида, ба рушди илму ҳунар ва арзишҳои маънавӣ мусоидат кардааст.

Имрӯз мо ин рисолати таърихиро идома дода истодаем.

Зеро Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 500 километр сарҳади муштарак дорад ва бо таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Кулма (сарҳади Чин), ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, кишварҳои минтақаро ба шоҳроҳи Қароқурум мепайвандад.

Инчунин, барои пайваст шудан ба долонҳои нақлиётии самти ҷануб ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ мо шаш пули мошингузарро дар сарҳад бо Афғонистон бунёд намудем, ки барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу логистикии кишварҳои минтақа имконияти хуб фароҳам меоварад.

Ҷойгиршавии стратегии кишварамон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари байни минтақаҳо ва қитъаҳо долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ таъсис диҳем, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд.

Ин ба сармоягузорон дастрасии мустақимро ба минтақаҳои босуръат рушдёбанда, роҳҳои нави тиҷорат ва шарикии стратегӣ ҳамчун самти калидии рушд барои муттаҳидсозии манфиати ҳукуматҳо, корхонаҳо ва ҷомеа фароҳам меоварад.

Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад.

Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии кишвари мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид.

Тайи солҳои охир мо ислоҳоти фарогирро, ки ба таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ нигаронида шудаанд, амалӣ намудем.

Танҳо соли 2024 ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид.

Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд.

Афзалиятҳои мо аён ва рақобатноканд:

– иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, ки аз рӯи ҳаҷм дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол мекунад ва барои «энергияи сабз» имкониятҳои азим мекушояд;

– захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам, ки талабот ба онҳо барои «гузариши сабз» зиёд аст;

– сармояи инсонии ҷавон ва неруманд, ки зиёда аз 70 фоизи онро шахсони то 35-сола ташкил медиҳанд ва барои кор, омӯзиш ва навовариҳо омодаанд.

Синну соли миёнаи аҳолии кишвари мо 26 солро ташкил медиҳад, яъне аҳолии Тоҷикистон ҷавонтарин ба ҳисоб меравад;

– мавқеи стратегии кишвар, ки имкон медиҳад Тоҷикистон ба як маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.

Яъне, долонҳои нақлиётиву иқтисодии муосир аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Чин мепайванданд.

Мо ба рушди «иқтисоди сабз» таваҷҷуҳи махсус медиҳем.

Маҳз ба ин хотир, соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 қабул гардид.

Дӯстони гиромӣ!

Имрӯз Тоҷикистон, аллакай, дар талошҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми арзанда гузоштааст.

Кишвари мо имкониятҳои бузургро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои азим дар соҳаи энергияи барқароршаванда – обӣ, офтобӣ ва бодӣ доро мебошад.

Иқтидори солонаи неруи барқи обии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳамагӣ 5 фоизи он истифода мегардад.

Ин имконияти беназирро барои сармоягузории дарозмуддат ба энергияи устувори оянда, ки талабот ба он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш ёфта истодааст, муҳайё месозад.

Бо ин мақсад, мо якҷо бо шарикони рушд аввалин лоиҳаи фароминтақавии бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000-ро, ки шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад, татбиқ намуда истодаем.

Корҳои сохтмони лоиҳаи мазкур дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расида, дар қисмати Афғонистон дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Дар ин замина, мо раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2000 мегаватт оғоз кардем.

Мо ширкатҳои манфиатдорро даъват менамоем, ки ба ин лоиҳаҳои ояндадор сармоягузорӣ намоянд.

Мусаллам аст, ки бо дарназардошти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои нав талабот ба неруи барқ низ афзоиш меёбад.

Дар ин асос, мо ният дорем, ки минбаъд низ ба соҳаи «энергетикаи сабз» сармоя ҷалб намоем, чунки иқтидори истифоданашудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар хеле зиёд аст.

Аз ҷумла мо ҳоло бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ҳамкориро ба роҳ монда, дар ин росто, корҳои лоиҳакаширо анҷом дода истодаем.

Мо ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои муҳимми стратегӣ, ки дар «гузариши сабз»-и иқтисоди ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, таваҷҷуҳи махсус медиҳем.

Ин маъданҳо заминаи асосии истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар ҷузъҳои электрониро таъмин намуда, воситаи муҳимми стратегияи рушди устувор ва пешрафти технологӣ мебошанд.

 

Сармоягузороне, ки дар ин бахш фаъолият мекунанд, имкон доранд на танҳо лоиҳаҳои миқёсан бузурги дорои арзиши баланди иловагиро амалӣ созанд, балки дар гузариш ба «иқтисоди сабз» дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми воқеӣ гузоранд ва ҳамзамон бо ин, нуфуз ва ҳузури стратегии худро дар бозори ҷаҳонӣ таҳким бахшанд.

Неруи барқи «сабз» ва дастрас, инчунин, талаботи афзояндаи ҷаҳонӣ ба ин захираҳо ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро махсус умедбахш ва манфиатовар месозад.

Сармоягузорони муҳтарам!

Афзалиятҳои мо танҳо бо энергетика ва саноати истихроҷ маҳдуд нестанд.

Мо барои ҳамаҷониба тараққӣ додан ва гуногунсамт гардонидани иқтисоди кишварамон ҷидду ҷаҳди зиёд дорем.

Тоҷикистон барои рушд дар соҳаҳои зерин зарфиятҳои назаррас дорад:

– саноати сабук ва хӯрокворӣ, ки имконияти зиёди қонеъ гардонидани бозори дохилӣ ва баромадан ба содиротро дорад;

– саноати кимиё ва дорусозӣ, ки ба илми муосир ва навоварӣ нигаронида шудааст;

– истеҳсоли масолеҳи сохтмон, ки талабот ба он ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар зиёд аст;

– комплекси агросаноатӣ, ки ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои арзиши баланди иловашуда нигаронида шудааст.

Тоҷикистон дорои ҳамагӣ 1 миллион гектар замини корам ва боғҳо, аз он 712 ҳазор гектар замини обӣ мебошад.

Бо дарназардошти ҳамасола 2,5 фоиз афзоиш ёфтани аҳолӣ ва ба 10,7 миллион нафар расидани аҳолии он, аз ин миқдор замин бо гирифтани 2 – 3 ҳосил, яъне самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби он амнияти озуқавории кишвар бо маҳсулоти асосии ғизоии истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла картошка, гӯшт, тухми паранда, сабзавот ва меваҷот пурра таъмин гардида, таъминоти биринҷ ба 90 фоиз расонида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан сабзавоту меваҷот, ба роҳ монда шуда, солҳои охир тамоюли афзоишро касб намудааст.

Мо, инчунин, соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои калидии рушди кишвар мешуморем.

 

Тоҷикистони кӯҳсор бо табиати беназир, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихӣ, шаҳрҳои бостонӣ ва фарҳанги хоси худ барои сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, кӯҳӣ ва солимгардонӣ имкониятҳои беҳамто дорад.

Бо ин мақсад, мо сиёсати «осмони кушода»-ро дар бахши авиатсияи гражданӣ ҷорӣ кардем, ки ба афзоиши шумора ва васеъшавии ҷуғрофияи парвозҳо мусоидат менамояд.

Муҳтарам иштирокчиёни форум!

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 номгӯй кафолат ва имтиёзҳои гуногунро пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110 номгӯйи онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд.

Дар кишвар панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад, ки ба соҳибкорон барои рушди муваффақонаи тиҷорат шароиту имкониятҳои васеъ пешниҳод менамоянд.

Соли 2025 дар Душанбе айти – парки замонавӣ – маркази нав ҷиҳати рушди технологияҳои рақамӣ, стартапҳои инноватсионӣ ва ҷавонони боистеъдод ба кор шуруъ намуд.

 

Мо на танҳо ба рақамикунонӣ, балки ба рушди зеҳни сунъӣ низ афзалият медиҳем ва ин самтҳоро ҳамчун воситаи муҳимми суръатбахшӣ ба рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодӣ ва ноил шудан ба рушди устувор мешуморем.

Бо ин мақсад, қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ якдилона қабул гардид.

Соли ҷорӣ мо, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва мусоидат ба фаъолияти сармоягузорӣ» ва Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро қабул намудем, ки заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам оварда, соҳаҳои афзалиятнокро барои сармоягузорон муайян ва кафолати ҳифзи сармоягузоронро таъмин менамоянд.

Зимнан, ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки вобаста ба он мо қонунгузории миллиро такмил дода истодаем.

Мо, инчунин, ба рушди бахши молия ва ҷорӣ намудани «маблағгузории сабз», аз ҷумла барориши «вомбаргҳои сабз» аҳаммияти ҷиддӣ дода, онро ҳамчун унсури калидӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва ноил шудан ба рушди устувор арзёбӣ менамоем.

Ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ ҷиҳати рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Дӯстони гиромӣ!

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи соҳибкоронро самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барору муваффақиятҳо орзу менамоям.

Дар фарҷом ба шумо, иштирокчиёни Форум муроҷиат карда, мехоҳам таъкид намоям: Тоҷикистон барои шарикӣ, ғояҳои нав, технологияҳо ва лоиҳаҳои муштарак омода аст.

Дар ин самт, мо хостори пешниҳодҳои судманди шумо ҷиҳати беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишварамон ҳастем.

Мо шуморо даъват менамоем, ки бо мо барои оянда сармоягузорӣ кунед – ояндае, ки бар пояи эҳтиром ба табиат, навоварӣ, боварии ҳамдигарӣ ва талошҳои муштарак ҷиҳати пешрафт асос ёфтааст.

Итминон дорам, ки иштироки шумо дар Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориҳоро таҳким мебахшад ва барои халқҳоямон ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён ба бор меоварад.

Ба ҳамаи шумо будубоши хотирмон орзу менамоям!

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Октябрь 14, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии мамлакати мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид»
Узбекистон таҷриба дар самти франчайзингро дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест-2025» муаррифӣ менамояд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ – 2025». Дар доираи ин форум якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
«DUSHANBE INVEST – 2025». Пойтахти Тоҷикистон ба маркази муколамаи байналмилалии сармоягузорӣ табдил меёбад
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд