ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст

10 октябри соли 2012 дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи футболи Аврупо (УЕФА) Мишел Платини мулоқот намуданд.
***
10 октябри соли 2013 дар маркази шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёна ифтитоҳ гардид.
***
10 октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои сил ифтитоҳ ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Минск Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи IV Шурои байнидавлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба экология доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе маъракаи барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз ёфта, 24 октябр ба анҷом расид.
***
10 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна оғоз бахшиданд.
***
10 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ- раиси кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои шимолӣ Олег Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
10 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 маросими ҷамъбасти Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба веломарафони оммавӣ байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид.
***
10 октябри соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ ба Федератсияи байналмилалии футбол барои соли 2034 гузаронидани чемпионати ҷаҳон дархост пешниҳод намудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва нақши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.
10 ОКТЯБР:
Дар Тоҷикистон Рӯзи «Фалак»
***
Дар Аврупо рӯзи мубориза бар зидди ҳукми қатл.
***
Рӯзи ҷаҳонии саломатии руҳӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Маҳмуд Воҳидов -соли 1939 — ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973).
***
Аскар Ҳаким — соли 1946 — Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.