ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, сешанбе, 301-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 28, 2025 08:00

28 октябри соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

***

28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Полша баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошуравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон «Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1» сарфароз гардонида шуданд.

***

28 октябри соли 2019 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико иштирок намуд.

***

28 октябри соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

28 октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Ҷовидон»-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони бузургтарин «Парки технологию саноатии Ванҷ», ки  дар Осиёи Марказӣ беназир аст, оғоз ёфт.

28 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.

***

Дар Русия- рӯзи бибиҳо ва бобоён.

Октябрь 28, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, душанбе, 300-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, шанбе, 298-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, ҷумъа, 297-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, панҷшанбе, 296-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, чоршанбе, 295-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, сешанбе, 294-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, якшанбе, 292-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, шанбе, 291-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, ҷумъа, 290-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст