ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 3, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи Ассамблеяи  байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир шуд.

***

3 октябри соли 2013 дар Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Созмони ҳамкории Шанхай  дар асри XXI» баргузор гардид.

***

3 октябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

***

3 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншоот, шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

3 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

***

3 октябри соли  2022  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ва намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд.

***

3 октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс варзишгари тоҷик Давлат Болтаев медали дуюми тилло ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

3 ОКТЯБР:

Рӯзи таъсиси телевизиони Тоҷикистон

***

Рӯзи ташкили Ҷумҳурии Корея.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зебо Аминзода  — раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон (1980).

Октябрь 3, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст