ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 6, 2025 08:00

6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

22 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардид.

***

6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон дар сатҳи баланд баргузор гардид.

***

6 октябри соли 2021 дар Тоҷикистон чор ширкати нави сайёҳӣ -«Сайри якҷоя», «Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Масъудиён» ва  «Хизматрасонии сайёҳӣ» вориди бозори сайёҳӣ гардиданд.

***

6 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон маросими рӯнамоии ҷилди дуюми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ( «Забон ва замон») баргузор гардид.

6 ОКТЯБР:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон- рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср — рӯзи артиш.

Октябрь 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст