ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 7, 2025 08:00

7 октябри соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон — «Ирфон» таъсис дода шуд.

***

7 октябри соли 1963 тӯфони «Флора» дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар гардид.

***

7 октябри соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он таъсир мерасонид.

***

Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишаст пешниҳоди амалӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

***

7 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар ҷараёни бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, иштирок намуданд.

***

11 сол пеш, 7 октябри соли 2013 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликӯл корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.

***

7 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

7 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии пахта.

***

Дар Арманистон- рӯзи китобдор.

***

Дар Русия- рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.

Октябрь 7, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст