ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
 
			
					
										9 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
9 октябри соли 2013 дар Маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.
***
9 октябри соли 2019 байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
***
9 октябри соли 2019 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Самарқанд шинос шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки минтақаи Тройенаи шаҳри Неом дар шимолу ғарби Арабистони Саудӣ дар Ассамблеяи генералии 41-уми Шурои олимпии Осиё дар Камбоҷа мизбони Бозиҳои 9-уми зимистонаи Осиё-2029 интихоб карда шуд.
***
9 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир гардид.
9 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии почта.
***
Дар Уганда- Рӯзи истиқлолият.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДАНД
Искандар Ҳамроқулов — соли 1942 — нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997)









 
						
 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, ҷумъа, 304-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, ҷумъа, 304-умин рӯзи соли 2025 аст 
									 
									 
									 
									 
									





