Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон

Октябрь 16, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои рушду такомули муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда, мамлакатро ба узви фаъоли минтақа ва ҷаҳон табдил дод. Махсусан баргузории ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил заминаи муҳими ҳамгироии минтақавӣ буда, метавонад дар баробари ҳама гуна низоъҳо ва таҳдиду хатарҳои минбаъда барои ҳама кишварҳои аъззо сипари боэтимод ба вуҷуд оварад.

— Масъалаи муҳиме, ки имрӯз боиси нигаронӣ шуда, таҳаввулоти рӯзмарраро метезонад, пеш аз ҳама, давраи гузариш ё шаклгирии марказҳои тасмимгирии қудратҳои нави ҷаҳонӣ мебошад. Вижагии куллӣ ва умумии ин раванд аз охири садаи XX ва се даҳсолаи асри XXI шуруъ шудааст, ки аз тарафи муҳаққиқон асри иттилоот ва давраи гузариш номида шудааст. Ин давраи гузариш, ки то ба ҳол идома дорад, фарогири эҳёи тартиботи сиёсии якқутбӣ, дуқутбӣ, бисёрқутбӣ ва пасоқутбӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди раванди шаклгирии чунин тамоюл зимни суханронӣ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Милали Муттаҳид мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба сенарияҳои ҷаҳон муайян карда, чунин изҳор доштанд: “Саммити Оянда на танҳо чорабинии навбатӣ дар рӯзномаи байналмилалӣ, балки фурсати муҳимме барои амалҳои дастҷамъона бо мақсади ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад”.

Аз он бояд барои шаклгирии низоми бисёрқутбӣ бо риояи усулҳои заминавии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид истифода кард.  Ин ҳамоиш барои таъмини амнияту субот  дар ҷаҳони имрӯза  ва барои наслҳои оянда имконият фароҳам оварда,  ба ташаббускорӣ барои иқдоми созанда ва дастгирии ҳамдигар даъват менамояд.

Амалишавии иқдоми созанда ва дастгирии ҳамдигарро мо дар баргузории ду чорабинии бузурги байналмилалӣ — ҳамоиши «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9-10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба таври возеҳ мушоҳида мекунем. Ин ду чорабинӣ, ки бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардиданд, Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсию дипломатии минтақа ва ҷаҳони муосир қарор доданд.

Пеш аз ҳама, агар ба сенарияи он таваҷҷуҳ кунем, меҳмонон бо парниёни гулҳо ва ороиши шаҳри Душанбе истиқбол гирифта шуданд, ки ин шеваи наве дар дипломатияи хадамоти консулии Тоҷикистон мебошад. Бо гул пешвоз гирифтан дар фарҳанги шарқию ғарбӣ яке аз шеваҳои маъмулӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо дар ин ҳамоиш яке аз падидаҳои наве, ки дар истиқболу гусели меҳмонон истифода бурда шуд, ороиши шаҳри Душанбе аз як ҷониб бо гулҳо ва аз ҷониби дигар, тасвири анъанаҳои миллии мо дар пероҳани гул мебошад, ки инъикоскунандаи расму ойинҳои меҳмондӯстию пазироии моро бо забони гулу зебоӣ тавҷеҳ медод. Ин амал сулҳу дӯстӣ ва зебоиписандии як миллат ва як фарҳанги бузургро таҷассум намуда, ҳамзамон бозгӯкунандаи дипломатияи “сабз”-и муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Агар ба таърихи ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон назар андозем, мебинем, ки аз ибтидои истиқлоли мамлакат то имрӯз сиёсати давлатии он бар пояи сулҳ, муколама ва ҳамкорӣ бунёд ёфтааст. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба оромӣ рӯ овард, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамзистии сулҳомезро ҳамчун принсипи асосии муносибатҳои хориҷӣ муқаррар намуданд. Маҳз ҳамин сиёсати мутавозин боис гардид, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи васеи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори сулҳ ва субот шинохта шудааст.

Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» шакли нави ҳамгироии сомонбахши минтақавие мебошад, ки барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ байни давлатҳои минтақа ва Федератсияи Русия заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Дар шароити тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ ва зиёдшавии рақобат барои захираҳои табиӣ ва роҳҳои транзитии обию заминӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие, чун Русия ниёз доранд. Тоҷикистон, ки бо ҳама кишварҳои минтақа робитаҳои устувор дорад ва Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи сиёсии чандинсолаи ҳалли низоъҳоро доранд, метавонад дар тақвияти ҳамкории давлатҳои аъзо нақши калидӣ дошта бошад.

Неруи тақвиятбахши дигаре, ки ба ҳамгироии минтақавӣ дар баробари ҳар гуна хавфҳо ва тасмимгирии минтақавӣ мусоидат мекунад, ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе мебошад, ки аз аҳамияти сиёсиву таърихии бузург бархурдор мебошад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт, ҳоло фазои муҳими ҳамгироии давлатҳои пасошӯравӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали узвият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша ҷонибдори таҳкими робитаҳо, ҳамгироии иқтисодӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии амнияти дохилӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ буд. Зеро дар хати марзи тақсимоти геосиёсии ҷаҳонӣ қарор дорад. Ҳамин нақш ва мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боис гардид, ки Душанбе мизбони гуфтугӯи ҳамгироии минтақавӣ дар самти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ қарор гирад. Зеро Тоҷикистон дар даҳсолаи охир бо пешниҳоди як силсила ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадҳо нақши фаъолеро дар сиёсати амниятии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бозидааст. Ҳамчунин Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои фарҳангию гуманитарии иттиҳод, аз қабили «Пойтахти фарҳангии ИДМ» саҳми назаррас дорад.

Баргузории чунин ҳамоишҳо дар сатҳи баланди касбияти дипломатию тадорукотӣ ва пешгирии ҳама гуна низоъҳо дар байни аъзои Иттиҳод ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мамлакат сиёсати мутавозини худро намоиш диҳад ва ин сиёсатро дар минтақа тақвият бахшад.

Ба ҳамин тариқ, интихоб шудани Душанбе ҳамчун макони баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 аз як ҷониб ҳамгироии минтақавиро тақвият бахшад, аз ҷониби дигар, далели равшани афзоиши нақши Тоҷикистон дар муҳити геополитикии минтақа ба шумор меравад.

Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,
доктори илмҳои фалсафа

Октябрь 16, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст
14 ОКТЯБР — РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар Тоҷикистон 110 номгӯй имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст
Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
МАҲСУЛОТИ НОНӢ. Истеъмоли зиёди он сабаби пайдошавии бемориҳо мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Душанбе — маркази ҳамоҳангсозии стратегӣ дар Осиёи Марказӣ
ТОҶИКИСТОН ДАР САРХАТИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар мавриди қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст