Табибони тоҷик дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия фаъолияти назаррас доранд
ДУШАНБЕ, 06.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақвият ёфта, дар доираи он табибони тоҷик дар Федератсияи Русия фаъолияти назаррас доранд. Аз ҷумла, 8 табиби соҳибтахассуси тоҷик дар клиникаи маъруфи дандонпизишкии «Сити-Смайл»-и шаҳри Москва ба беморон кумаки тиббӣ мерасонанд. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Онҳо таҳсили тиббиро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон гирифта, имрӯз дар қатори беҳтарин дандонпизишкони шаҳри Москваи Федератсияи Русия қарор доранд. Табибони тоҷик дар самтҳои гуногуни дандондармонӣ таҷриба ва малакаи пешрафта доранд.
Ба иттилои масъулини клиника, табибони тоҷик бо меҳнати содиқона, ахлоқи ҳамида ва муносибати нек бо беморон эътимоди баланди мизоҷонро ба даст овардаанд.
Нақши чунин табибон дар баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шоёни таҳсин аст.
Онҳо бо фаъолияти хуб на танҳо дар рушди соҳаи тиб саҳм мегузоранд, балки номи тоҷиконро дар хориҷи мамлакат низ бо ифтихор муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи “Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030” дар Тоҷикистон мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ омода мегарданд. Онҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар мамлакатҳои гуногуни дунё фаъолият дошта, обрӯю нуфузи Ватан ва миллати тоҷикро баланд мебардоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»











АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






