Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд.
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Зодрӯзатон қабул фармоед.
Шумо бо фаъолияти худ чун роҳбари давлат ба эҳтироми самимии ҳамватанон ва хориҷ аз кишвар ба обрӯи баланд ноил гардидаед.
Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, пайваста мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда истодааст.
Шумо дар тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни кишварҳоямон саҳми шахсии бузург доред.
Ва мо, албатта, кори фаъоли муштаракро оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ идома хоҳем дод.
Бовар дорам, ки муоширати дарпешистодаи мо дар Душанбе созанда ва босамар хоҳад буд, ба густариши минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои барои Россияву Тоҷикистон судманд, ҳамчунин, таҳкими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодатмандиву рифоҳ ва дастовардҳои нав хоҳонам».
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
*****
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон
Шуморо аз самими қалб табрик намуда, беҳтарин таманниёти худро ирсол менамоям.
Имсол мо ду ҷаласа- аввал дар Остона, баъд аз он дар Пекин анҷом додем, ба як силсила тавофуқот ноил гардидем, нақшаи рушди муносибатҳои шарикии ҷомеи стратгии миёни Чину Тоҷикистонро дар аҳди нав муайян намудем.
Ман ба рушди муносибатҳои Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, дӯстии амиқамро бо Шумо қадр мекунам ва омодаам, ки бо саъю талоши муштарак бо Шумо ба таъмиқ ва таҳкими пайвастаи ҳамкории ду кишвар мусоидат намуда, ҷомеаи тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро бо муҳтавои ғанитар пур намоям.
Ба Шумо саломатии бардавом, муваффақият ва дар рисолати олиятон дастовардҳои нав таманно дорам.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
*****
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Беинтиҳо шодам, ки Шуморо бо ҷашни фархундаи зодрӯзатон аз сидқи дил самимона табрик менамоям ва таманниёти некро иброз медорам.
Дар Узбекистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷриба, ки бо эҳтирому қадрдонии бузург шинохта шудаед, хуб мешиносанд ва арҷ мегузоранд.
Ислоҳоти густурда ва корҳои бузурги созандагие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, барномаҳои судманд, ки ба пайваста баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд, инчунин афзоиши бемайлони обрую нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бешубҳа, бевосита бо номи Шумо вобаста мебошанд.
Далели равшани ин андешаи ман дастгирии фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ аз ташаббусҳои муҳими пешбаринамудаи Шумо, ки аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд, мебошад.
Итминон дорам, ки бо талошҳои қатъии муштарак ҳамкории гуногунҷанба ва дарозмуддат дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд низ босуръат рушд намуда, ба пешрафт ва шукуфоии умумии мардумони бародари мо мусоидат хоҳад кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бешубҳа, мулоқотҳои кушоду пурсамари дарпешистодаи сатҳи олӣ, тавофуқҳои муҳим ва лоиҳаҳои мушаххас ба ҳамкории фарогир ва судманди ҷонибҳо, ки солҳои охир бо суръат рушд дорад, такони нав мебахшанд.
Бори дигар Шуморо бо ин санаи хотирмону фархундаи зиндагиатон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва некуаҳволӣ, дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, пешрафти бардавом ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
*****
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред.
Шумо пешвои аз ҷониби тамоми мардуми худ эътирофшуда ва ходими барҷастаи давлатӣ мебошед, ки, воқеан ҳам, дар ташаккул ва рушди Тоқикистони соҳибистиқлол саҳми таърихӣ гузоштаед.
Истиқрори сулҳи дарозмуддат ва таҳкими ваҳдати миллат бо номи Шумо пайванди ногусастанӣ дорад.
Зери роҳбарии қавӣ ва хирадмандонаи Шумо Тоҷикистони бародар ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида, обрӯ ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Бовар дорам, ки мардуми тоҷик дар самти стратегии муайянкардаатон ҳаракат намуда, бо татбиқ намудани ислоҳоти фарогир ба ҳадафҳои олие, ки Шумо ҷиҳати бунёди давлати муваффақ ва шукуфо гузоштаед, хоҳад расид.
Ман муносибатҳои боваринокамонро қадр намуда, саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи миёни кишварҳо ва мардумонамон хеле боарзиш медонам.
Бо таъкиди он, ки мо ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистон азми қатъӣ дорем, ба Шумо муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, неруи бепоён, рифоҳи оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи Тоҷикистони бародар муваффақиятҳои нав орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
*****
«Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам,
Шуморо сидқан ба муносибати Зодрӯзатон табрик менамоям.
Сиёсати давлатии Шумо ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисоди кишвар, афзоиши некуаҳволии мардум ва таҳкими обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Имсол, ки бо боздидҳои муҳимми сатҳи олӣ ҳамроҳ буд, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба марҳилаи муҳим гардид.
Гуфтушунидҳои пурмуҳтавою босамар дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва созанда анҷом ёфтанд.
Аз рӯи ин мулоқот, ки ба рушди муносибатҳои некуҳамсогии қирғизҳову тоҷикҳо ва таъмиқи боварӣ миёни мардумонамон равона шудаанд, тавофуқоти муҳим ба даст омад.
Бовар дорам, ки ҳамкорӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи эҳтироми мутақобил ва шарикӣ таҳким хоҳад ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, саодати оилавию рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ, ба мардуми Тоҷикистон – сулҳу шукуфоӣ орзумандам»
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров
*****
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Зодрӯзатон ирсол менамоям.
Шумо ҳамчун ходими хирадманди давлатӣ ва дурандеш тӯли солҳои зиёд собитқадамона ба нафъи мардуми худ заҳмат мекашед.
Зери роҳбарии Шумо иқтисоди Тоҷикистон устуворона рушд намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар ва обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ баланд шуда истодааст.
Сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, мехостам, саҳми шахсии Шуморо дар рушди муносибатҳои дӯстонаамон таъкид намоям.
Бо истифода аз фурсат, уҳдадориҳои худро роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, омодагиамонро ҷиҳати дастгирии ташаббусҳое, ки ба густариши шарикии мутақобилан судманди миёни кишварҳоямон равона шудаанд, изҳор менамоям.
Дар анҷом, ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар корҳоятон комёбиҳои нав, ба мардуми бародари кишваратон – сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям
Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов
*****
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Самимитарин табрикот ва таманниёти неки маро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред.
Имрӯз ба шарофати роҳбарии хирадмандона ва хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи кишвар, Тоҷикистон собитқадамона ва бо боварӣ бо роҳи рушди дарозмуддат ва ҳамаҷониба пеш рафта истодааст.
Он муваффақиятҳои назаррасе, ки кишвари бародар дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба даст овардааст, натиҷаи сиёсати дурбинона ва босамари Шумо дар мансаби Роҳбари давлат мебошад.
Фаъолияти пурмаҳсули Шумо ва таҷрибаи идоракунии давлатиатон, дар ҳақиқат, натанҳо боиси эҳтиром ва обрӯи Шумо дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, балки берун аз кишвар ҳам шудаанд.
Хурсандибахш аст, ки имрӯз ба шарофати таваҷҷуҳи шахсӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Шумо, робитаҳои байнидавлатии Озарбойҷону Тоҷикистоон, ки бар асоси пайвандҳои бисёрасраи бародарӣ, дӯстӣ ва дастгирии мутақобили байни мардумонамон бунёд ёфтаанд, инкишофи сифатан нав касб намуда, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, ба онҳо ҳамкории фаъол дар ҳамаи сатҳҳо хос мебошад.
Иштироки Шуморо моҳи июли соли равон дар Иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Хонкендӣ баргузор шуда буд, бо гармӣ ба ёд меорам.
Бовар дорам, ки талошҳои муштаракамон минбаъд низ ба афзоиши тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷониба, дар ҳаёт татбиқ намудани ташаббус ва лоиҳаҳои ояндадор, ки ба рушд ва таъмиқи шарикии стратегӣ дар доираи манфиатҳои мардумон ва кишварҳоямон равона шудаанд, мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин рӯзи муҳим ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, бахту саодат, неруи нотамом ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи мардуми Тоҷикистон муваффақият орзу менамоям».
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев
*****
«Муҳтарам Президент,
Бародари азиз,
Ҷашни зодрӯзи Ҷаноби Олиро аз номи миллатам ва шахсан худам аз самими қалб табрик гуфта, бароятон солиёни зиёд солиму осудагӣ ҳамроҳи наздиконатон таманно дорам.
Мехоҳам бори дигар итминони худро изҳор намоям, ки ҳамкориҳои наздики дуҷонибаи байни кишварҳоямон, ки дар асоси робитаҳои муштараки таърихию фарҳангӣ замина мегиранд, дар чаҳорчуби дӯстиву ҳамбастагӣ дар давраи оянда низ инкишофи он идома хоҳад ёфт.
Ба ин муносибат бори дигар ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ ва саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон оромиву осоиш ва шукуфоӣ орзумандам».
Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган
*****
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати Зодрӯзатон аз самими дил табрик менамоям.
Хидмати фидокоронаи Шумо ба нафъи Тоҷикистон, саъю талошатон ҷиҳати ҳифзи мероси ғании фарҳанги мардуми тоҷик, ҳамчунин саҳматон дар таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ сазовори баҳои баландтарин мебошанд.
Бовар дорам, ки сатҳи кунунии шарикии стратегӣ, ҳамдигарро дастгирӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белорус — асоси боэътимоди расидан ба ҳадафҳои бузурги рушди иҷтимоиву иқтисодии ду кишвар ва афзоиши некуаҳволии мардумонамонро ташкил хоҳад дод.
Ман Шуморо ҳамчун дӯсти деринаву хуби Белорус мешиносам ва бовар дорам, ки фаъолияти шабонарӯзии Шумо дар мансаби баланди давлатӣ дар оянда низ ба таъмиқи тамосҳои дуҷонибаи байни Минску Душанбе мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом барои солҳои зиёд, саодатмандӣ ва дар ҳамаи иқдомҳоятон муваффақиятҳои доимӣ хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
*****
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон қабул намоед.
Итминон дорам, ки таҷрибаи бузурги фаъолияти давлатӣ ва саъю талоши пайвастаи Шумо дар оянда низ ба рушди Тоҷикистон ва тақвияти обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ хидмат хоҳанд кард.
Анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва эҳтирому эътимоди мутақобили мардумони Арманистону Тоҷикистон ҷиҳати таҳким ва пешбурди муносибатҳои судманди байни давлатҳоямон таҳкурсии мустаҳкам мебошад.
Изҳори боварии қавӣ менамоям, ки муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мавриди таваҷчуҳи ҷонибҳо дурнамои нави умедбахшро ба нафъи мардумони Арманистону Тоҷикистон боз хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳои нав ба нав дар роҳи сулҳ, некуаҳволӣ ва рушди Тоҷикистон орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, итминони маро ҷиҳати эҳтироми амиқ бипазиред».
Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян
*****
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини маро ба муносибати Зодрӯзатон қабул намоед.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар Тоҷикистон пайваста сатҳи зиндагии мардум боло рафта, обрӯи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш ёфта истодааст.
Нақши рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилоти умдаи муосир махсусан қайд кардан лозим аст.
Дар айни замон миёни Туркманистону Тоҷикистон дар самтҳои нав ҳамкории босамар сурат гирифта истодааст.
Ба Шумо барои саҳми бузургатон дар рушди муносибатҳои байнидавлатиамон арзи сипос менамоям.
Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, рифоҳу саодат, ба мардуми бародари тоҷик – сулҳ, пешрафт ва шукуфоии минбаъда орзумандам»
Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов
*****
«Муҳтарам, Эмомалӣ Шарифович!
Беҳтарин таманниёти маро ба муносибати Зодрӯзатон қабул фармоед.
Сифатҳои шахсии Шумо, меҳнатдӯстӣ ва таҷрибаи ғании сиёсиатон ба рушду шукуфоии Тоҷикистон, тақвияти минбаъдаи обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Ба кишвари Шумо дар оянда низ рушду пешрафт хоҳонам.
Ман ҳамеша ҳамаи вохӯрӣ ва суҳбатҳоямонро ба некӣ ёд мекунам.
Дар ин рӯзи хотирмон ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, неруи анҷомнопазир, некӯаҳволии оилавӣ ва ба мардуми бародари Тоҷикистон саодатмандиву шукуфоӣ орзумандам»
Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
*****
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Аз номи Ҳукумати Федератсияи Русия ва шахсан аз номи худ Шуморо ба муносибати Зодрӯзатон самимона табрик мегӯям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо бо боварӣ дар роҳи рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбуди некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон қадам гузошта истодааст.
Мехостам, саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими муносибатҳои Русияву Тоҷикистон, ки бар асоси усули дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бунёд ёфтаанд, махсусан қайд намоям.
Бо мақсади иҷро намудани қарорҳое, ки дар сатҳи олӣ қабул гардидаанд, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тавсеа ёфта, лоиҳаҳои бузурги муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиёт, илм, маориф ва соҳаҳои дигар татбиқ шуда исодаанд.
Бовар дорам, ки афзоиши ҳамкории амалӣ ва ба татбиқ расонидани ташаббусҳаи нави барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои гуногун, комилан ҷавобгӯи манфиатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Вохӯриҳоямонро, ки ҳамеша бо Шумо дар фазои созандаву эътимод сурат мегиранд, бо гармӣ ба ёд меоварам.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавому рифоҳ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои нав орзумандам».
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин
*****
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати зодрӯзатон муборакбод мегӯям.
Шумо умри худро барои хизмат ба нафъи мардуми худ бахшидаед.
Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор намуд.
Саҳми Шумо дар тавсеаи муносибатҳои дӯстии кишварҳоямон шоёни эҳтиром аст.
Ба Шумо саломатии бардавом ва тамоми хӯшиҳоро таманно дорам».
Вячеслав Володин, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия
*****
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимии моро ба муносибати Зодрӯзатон бипазиред.
Ба Тоҷикикстони мустақилу соҳибихтиёр муяссар шуда истодааст, ки бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва дӯстиро барпо намояд.
Дар ин ҷода сиёсати санҷидаи зери роҳбарии Шумо, ки асоси онро шаффофият, хайрхоҳӣ ва қатъият, ки хосси Шумоанд, ташкил медиҳад, нақши хос мебозад.
Ин ба сурати комил дар Созмони Ҳамкории Шанхай зоҳир мешавад.
Ба сифати яке аз асосгузорони Созмон, Шумо ба раванди тавсеаи рӯзафзуни муносибатҳои гуногунҷониба дар минтақаи ҷавобгарии СҲШ, таҳкими суботу амнияти минтақавӣ саҳми бузург мегузоред.
Бо қаноатмандӣ муносибати созандаи Тоҷикистонро ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи СҲШ ва марҳалаҳои роҳбарии ҷумҳуриро, ки ба онҳо ташаббусҳои умда ва натиҷаҳои самаранок ба нафъи ҳамаи давлатҳои аъзо хосанд, қайд менамоем.
Ҷаноби Олӣ, иҷозат фармоед, ки ба Шумо сиҳатмандии комил, некиҳои рӯзгор ва шукуфоӣ, ба мардуми Тоҷикистон – сулҳу некуаҳволӣ орзу намоям».
Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев
*****
Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.