Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид

Октябрь 8, 2025 08:54

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои сари вақт анҷом додани сохтмони 9 маркази таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён, ба роҳ мондани фаъолияти мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ, баргузор намудани омӯзишҳои амалӣ барои устоҳо ва омӯзгорон, таҳкими низоми иттилоотии идоракунӣ барои назорат ва арзёбии самаранокии бозори меҳнат, инчунин ҷалби духтарон ва ҷавонони кӯҳистон ба таҳсилоти касбӣ ва касбомӯзӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи шуғл дар байни гурӯҳҳои осебпазир дар вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо миссияи Бонки исломии рушд баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 6 то 12 октябр ҳайати бонк ҷараёни иҷрои амалии лоиҳаро мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор медиҳад. Натиҷаи таҳлил  ба роҳбарияти Бонки исломии рушд пешниҳод гардида, барои беҳтарсозии идоракунӣ, баланд бардоштани самаранокии татбиқ ва таъмини устувории натиҷаҳои бадастомада тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда мешаванд.

Ин лоиҳа яке аз ташаббусҳои калидии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд мебошад. Он ба татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2030» мусоидат менамояд. Амалӣ гардидани он барои рушди таҳсили касбӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиш ва кори босамар, инчунин тақвияти ҳамкории давлат бо шарикони рушд заминаи устувор фароҳам меорад.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамкории созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро барои идомаи татбиқи босифати лоиҳа, анҷоми саривақтии корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, оғози фаъолияти ширкати консалтингӣ ва ҳамоҳангсозии кори мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Бонки исломии рушд дар асоси «Барномаи арзёбии стратегӣ ва соҳаи маориф барои солҳои 2015–2024» амал менамояд. Тибқи он бонк чор кишвари аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳлили таъсири фаъолият дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва техникӣ интихоб кардааст. Арзёбӣ ба таҳлили сифати татбиқи сиёсати бонк, натиҷаҳои рушди инсонӣ ва самаранокии фаъолияти он дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир равона гардидааст.

«Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз соли 2022 татбиқ мешавад, яке аз лоиҳаҳои намунавии ҳамкории стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд мебошад. Ҳадаф аз он такмили инфрасохтори таълимӣ, тавсеаи имконияти шуғл, рушди қобилияти касбии ҷавонон ва занон, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дар минтақаҳои кӯҳистон мебошад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2025 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид