Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд

Октябрь 12, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» ба мизоҷон 27 миллиону 167 ҳазору 952 рӯзномаю маҷалла дастрас карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 миллиону 442 ҳазору 610 адад зиёд мебошад. Да ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар «Почтаи Тоҷикистон» муросилоти почта ҳафтае 5 маротиба баробари чопи нашрияҳои давлатӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

Соли равон қабули ирсолпулиҳои дохили ҷумҳурӣ 5033 адад буда, маблағи он 212 ҳазору 055 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 4999 сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 29 ирсолпулӣ ворид карда шуд, ки маблағи он 1609 сомониро ташкил дод.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» 4 муассисаи вилоятӣ, 60 маркази алоқаи почтаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 470 шуъбаи алоқаи шаҳрию деҳотӣ фаъолият доранд.

«Почтаи Тоҷикистон» дар асоси таҷдиди сохторӣ бо мақсади рушди ҳамоҳангу самараноки бахши муросилоти мамлакат фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст. Ин имконият медиҳад, ки хизматрасонии почтавӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо сифат ва суръати баланд ба марҳилаи нав ворид гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид