Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Октябрь 20, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хонум Ҳала бинти Мазид Ат-тувайҷирӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо тавсеи ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот Умед Бобозода таъкид намуд, ки солҳои охир бо иқдому ҳидоятҳои пайвастаи роҳбарияти олии ду давлат ҳамкории мутақобили судманд ва самаранок дар ҳама ҷанбаҳо сол аз сол тақвият меёбад.

Хонум Ат-тувайҷирӣ барои истиқболи гарму самимӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон миннатдорӣ  баён кард. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкории мутақобили  судманди ҷонибҳо идома хоҳад ёфт.

Баъди анҷоми вохӯрӣ дар доираи барномаи фарҳангии сафари кории ҳайати Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ меҳмонон боғи ангурзори «Сомон»-ро дар шаҳри Турсунзода тамошо намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид