ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатдориро дар заминаи таҳкими мавқеи занон, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа пайгирона амалӣ менамояд. Дар натиҷа имрӯз занон дар тамоми самтҳои ҳаёти мамлакат аз сиёсату маориф то иқтисоду ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ нақши муассиру ташаббускорона доранд.
Дар ин раванд саҳми занони фаъолу ташаббускори ҷумҳурӣ, аз ҷумла занони вилояти Суғд дар самти ташкили марказҳои ҳунармандӣ, хизматрасонӣ, сайёҳӣ ва табобатӣ назаррас мебошад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони маъюбиятдошта ва волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд – Шоҳсанам» бо роҳбарии ҳунарманд ва соҳибкорзани муваффақ Мухбирахон Ҳоҷибоева дар шаҳри Бӯстон аз соли 2013 инҷониб фаъолият мекунад. Соли 2017 дар назди ин ташкилот Маркази омӯзиши ҳунарҳои анъанавӣ ва замонавӣ кушода шуд.
Ҳадафи асосии ташкили ин ташкилот ва марказ ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюб, беҳсозии сатҳи зиндагии оилаҳои осебпазир ва таъмини дастрасии онҳо ба имконияти иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.
Ин зани соҳибкор барои занону духтарони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам овардааст, то онҳо ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили муҳрабофӣ, сохтани гӯшвору дастпона, гулдӯзӣ, порадӯзӣ, қаннодӣ ва ороиши мӯй машғул шаванд.
«Беш аз 10 нафар занон ва духтарони маъюб, ки дар ин марказ ҳунар омӯхтаанд, аллакай соҳиби грантҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва президентӣ гардида, ба соҳибкории хурд рӯ овардаанд. Дар айни замон ташкилоти мо тасмим гирифтааст, ки барои пешрафти фаъолияти ҳунармандии занон коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис диҳад»,-иброз дошт Мухбирахон Ҳоҷибоева.
Дар марказ 20 нафар занони ҳунарманд ба беш аз 60 шогирд, ки аксаран аз гурӯҳҳои осебпазир — занону духтарони маъюб, волидайни кӯдакони маъюб ва духтарони бекор мебошанд, ҳунар меомӯзонанд. Ин раванди омӯзиш на танҳо ба дастоварди малакаҳои касбӣ, балки ба болоравии худбоварӣ ва эҳсоси арзишмандии иҷтимоии ин гурӯҳи одамон мусоидат мекунад.
«Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид медоранд, маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманд сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз ин рӯ мо низ мехоҳем дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд додани ҳунар, малака ва фаъолияти соҳибкории занон саҳм гузорем»,-изҳор дошт ин зани соҳибкор.
Дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд соҳибкорзани муваффақ Истамой Мадалиева соли 2022 кӯдакистони хусусии «Бунёд»-ро бо арзиши беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд намуд. Кӯдакистон бо таҷҳизоти замонавӣ, шароити муосир ва барномаи таълимии фарогир таъмин буда, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
«Тавре медонем, дар ҳама муассисаҳои томактабӣ мураббиён занон мебошанд. Аз ин рӯ яке аз ҳадафҳои асосии ман бо ҷойи кор таъмин намудани занон мебошад», — мегӯяд Истамой Мадалиева.
Инчунин бо ташаббуси ин соҳибкорзан дар мавзеи Аксикони Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони маркази табобатӣ ва хизматрасонӣ идома дорад.
«Марказ дар се ошёна бо усули меъмории муосир сохта мешавад, бо шабакаи мустақили обрасонӣ ва гармидиҳӣ муҷаҳҳаз гардида, минбаъд ҳамчун маркази муолиҷавӣ ва сайёҳӣ ба мардум хизмат мерасонад»,-иттилоъ дод соҳибкорзан.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 5 миллион сомонӣ буда, ҳоло 80% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он даҳҳо ҷойи нави кор таъсис ёфта, ба рушди соҳаҳои хизматрасонӣ ва сайёҳӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо намуда, дар тамоми соҳаҳо фаъолияти назаррас доранд. Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр намуда, нисбат ба фаъолияти онҳо назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро ҳамеша намунаи ибрат медонанд.
Президенти Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбият намояд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат меафзояд.
Таҷрибаи занони фаъоли ҷомеа собит месозад, ки зан метавонад ҳам модар бошад, ҳам роҳнамо, ҳам роҳбар ва ҳам бунёдкор. Занон бо талошу заҳмат ва нияти нек метавонанд на танҳо дар зиндагии шахсии худ пешрафт кунанд, балки даҳҳо нафар занони дигарро ба роҳи мустақилият, соҳибкасбӣ ва худшиносӣ роҳнамоӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти оморӣ, дастрасии занон ба қарзҳои хурди бонкӣ сол то сол зиёд гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 716 ҳазору 299 нафар занон аз қарзҳои хурди бонкӣ ба маблағи 3 миллиарду 538 миллону 170,5 сомонӣ бархудор гардидаанд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 177 ҳазору 375 нафар зиёд мебошад.
Дастрасӣ ба қарзҳои хурди бонкӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имконият дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» амал менамояд. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон, зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.
Фаъолияти занони соҳибкор бозгӯи он аст, ки онҳо метавонанд дар ташкили ҷойи нави кор ва ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон