Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Пекин ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Ҷаласа бо мақсади таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, густариши ҳамкории сиёсию иқтисодӣ ва пешбурди муносибатҳои дӯстонаи ду давлат ташкил карда шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода роҳбарӣ кард.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории байнипарламентӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо барои идомаи мулоқоти мунтазам, таҳияи барномаҳои муштарак ва тавсеаи заминаҳои нави ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар руҳияи эътимоди мутақобил, дӯстии анъанавӣ ва манфиатҳои стратегӣ рушд меёбанд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид






