ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистон ҳар сол 16 ноябрро чун Рӯзи Президент бо шукуҳ ҷашн мегиранд. Ва ин ҷашн арҷгузорӣ ба хизмату заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷоннисорию сарсупурдагиҳо дар роҳи ба даст овардан ва таҳкими сулҳу субот, созандагию бунёдкории ҷумҳурӣ бо мақсади рақобатпазирии он, ташаббусҳои доимии сатҳи ҷаҳонӣ бо мақсади эҳтирому эътибору эътирофи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ, эҳёи дубораи ҳофизаи таърихӣ, ҷашну маросими мардумӣ ва фарҳанги миллист, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тӯли солҳои истиқлолият ба рушди давлатдорӣ, поягузории низоми устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ равона шудаанд. Ин сана рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ буда, таҷассумгари иродаи мардум ва хирадмандии Роҳбарест, ки тақдири миллатро бо андешаи стратегӣ ва диди ояндабинӣ ба сӯйи суботу шукуфоӣ раҳнамун месозад. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президент. Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.

-Аз нигоҳи фалсафии таърих чунин ҷашн на танҳо арҷгузории шахсияти сиёсист, балки таҷассумгари пайванд байни инсону таърих, роҳбар ва миллат, хирад ва амал мебошад. Дар шахсияти Пешвои миллат арзишҳои умумибашарӣ, ба монанди адолат, масъулият, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватан барҷаста таҷассум ёфтаанд. Дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун меъмори маънавии давлат, қувваи муттаҳидкунандаи мардум ва рамзи наҷоти миллии тоҷикон шинохта шудаанд.

Дар фаҳмиши фалсафии ҷомеаи муосир Рӯзи Президент на танҳо ҷашни сиёсӣ, балки таҷдиди назар ба маънои роҳбарӣ, адолати иҷтимоӣ ва рисолати инсон дар роҳи созандагӣ мебошад. Зеро дар асри буҳронҳои маънавӣ ва ҷаҳонишавии босуръат шахсияти роҳбари хирадманд метавонад меҳвари субот ва кафолати ҳастии давлат гардад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки дар таърихи ҳар миллат рӯзе ҳаст, ки дар он руҳи мардум ба хотири ҷустуҷӯйи маънои ҳастии худ аз хоб бедор мешавад. Барои миллати тоҷик ин бедорӣ бо номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, бо номи шахсе, ки дар замони фоҷеа ва парокандагӣ бо нури хирад ва муҳаббат бархост, то аз байни хокистари ҷанг миллатро ба фардои ором ва бунёдкорӣ раҳнамоӣ кунад. Сулҳ, Ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ дар Тоҷикистон на бо зӯр, балки бо хирад, бо сиёсати созанда, хирадмандона ва дурбинона ба даст омаданд. Он гоҳ, ки ҷаҳолат бар дилҳо соя андохта буд, Сарвари давлат сухани сулҳро аз минбари баланд дар нахустин рӯзҳои роҳбариашон аз дил гуфтанд ва аз ҳамин сабаб суханонашон бар дилҳо нишаст.

Феномени роҳбари миллӣ ба зоҳир падидаи сиёсӣ намояд ҳам, дар асл зуҳуроти маънавию таърихӣ ва иҷтимоиест, ки реша дар шинохти худи миллат ва зеҳни он дорад. Миллат, вақте ба марҳалаи худшиносии таърихӣ мерасад, роҳбари худро на танҳо интихоб мекунад, балки ӯро аз зеҳн ва руҳи худ меофарад. Роҳбар дар чунин ҳолат ба мисли ойинаест, ки дар он хирад, ормон ва иродаи мардум инъикос меёбад.

Пешвои миллат ҳамчун таҷаллии иродаи таърихии халқи тоҷик дар замоне зуҳур намуданд, ки ҷомеа ба раҳнамое ниёз дошт, ки тавонад хати таърихро аз парокандагӣ ба ваҳдат, аз шубҳа ба бовар, аз фурӯпошӣ ба эҳё барад. Ин на танҳо вазифаи сиёсӣ, балки рисолати фалсафии роҳбарист, яъне ҳидоят намудани миллат ба сӯйи худшиносӣ ва худсозӣ.

Аз дидгоҳи фалсафаи таърих ҳар миллат танҳо дар замоне ба ҳастии ҳақиқии худ мерасад, ки роҳнамое дошта бошад, ки на аз манфиати замони гузаро, балки аз диди абадият амал кунад. Дар ҳамин маъно роҳбари миллӣ танҳо идоракунанда нест, балки ӯ ҷаҳонбин ва меъмори маънавии давлат аст. Ӯ иродаи ҷамъиятро ба қувваи созанда табдил медиҳад, қувваи эҷодро аз андаруни тарс ва ноумедӣ бедор месозад ва арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангиро ба пояи сиёсати давлатӣ мебарад.

Фикр мекунам ва шояд дуруст ҳам бошад, ки пайдоиши чунин роҳбарон на рӯйдоди тасодуфӣ, балки зарурати таърихист. Зеро таърих низ мисли табиат қонуни тавозун дорад: вақте хатар зиёд мешавад, хирад низ боло мегирад: вақте миллат дар ҳоли аз даст додани худшиносист, шахсияте зоҳир мешавад, ки онро боз ба сӯйи худ фаро мехонад. Аммо на дар ҳама ҳолат ва на дар ҳар давру замон ва на барои ҳар халқу миллат. Пас, ба хулосае мерасам, ки ҳамин зарурати таърихӣ, ки тасодуфаш намедонам, маҳз ба бахти баланди миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст. Зеро садҳо халқу миллатҳое ҳастанд, ки зери хатару фишоранд ва дар орзуи чунин зарурати таърихианд ва ё умеде ба тасодуф доранд.

Ҳамин тавр, Пешвои миллат дар заминаи чунин қонуни таърих зуҳур карда, бо ормони ваҳдат, адолат, эҳёи худогоҳию худшиносӣ тавонистанд миллатро ба ояндае роҳнамун созанд, ки дар он илму маърифат, адолат ва озодӣ арзиши аслии давлатдорӣ гардиданд.

Пешвои миллат роҳбариро аз хидмат ба халқу давлати худ оғоз намуданд. Давлатро барои хидмат диданд, на барои ҳукумат. Барои Пешво роҳбарӣ масъулияти маънавист, ки ин масъулияти ҳифзи Ватан, на танҳо идораи он, масъулияти бедории миллат ва на танҳо амнияти марз. Пешво таъкид доштанд, ки давлат бе инсон маъно надорад ва инсони бе Ватан бе реша мемонад. Аз ҳамин дидгоҳ буд, ки Пешвои миллат давлатро ба шакли нав, яъне давлатдории хирад, маърифат ва ахлоқ табдил доданд.

Фалсафаи роҳбарии Пешво бар меҳвари хирад аст. Пешво ба хирад ҳамчун неруи ҳаётбахш менигаранд, ки инсонро аз торикӣ ба рӯшноӣ мебарад. Дар андешаи Пешво хирад танҳо донишу таҷриба нест, балки виҷдон аст, дил аст, муҳаббат аст. Ҳамин хирад буд, ки Пешвои муаззами миллат ҷангро хотима доданд, ба ҷумҳурӣ сулҳ оварданд ва дар дили миллат итминон ба фардо коштанд.

Худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат реша дар бовар ва таърихи худ дорад. Пешво мегӯянд, ки миллате, ки худро мешиносад, ҳеҷ гоҳ сарнагун ва дар дарозои таърих гум намешавад. Худшиносӣ танҳои маънои донистани таърих нест, балки дарки масъулият барои идомаи он аст. Аз ин рӯ, забон, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ дар сиёсати Пешвои миллат ҷойгоҳи муқаддас пайдо намуданд. Пешво таъкид мекунанд, ки забон руҳи миллат аст ва фарҳанг пояи ҳастӣ. Ба ҳамин хотир, забони давлатӣ, адабиёти миллӣ, фарҳанги суннатӣ ва мероси маънавии ниёгон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё ва устувор гардиданд.

Бо ҳамин ҷаҳонбинӣ Тоҷикистон ба давлати худшиносу соҳибистиқлоли комилу ҳуқуқбунёд табдил ёфт. Парчам, нишон, суруд, Конститутсия, Артиши миллӣ, пули миллӣ — ҳамаи ин рамзҳои худшиносии давлатанд, ки бо шарофати хиради Пешво маънои воқеӣ пайдо карданд. Имрӯз ҳар шаҳрванди мамлакат бо ифтихор мегӯяд, ки тоҷик аст ва Ватан дорад.

Пас аз сулҳ, вақте ки мардум аз фоҷиа ба ҳаёти нав қадам мегузоштанд, Пешвои миллат ҷумҳуриро аз нав сохтанд. Роҳҳо кушоданд, пулҳо барқарор, неругоҳҳо ва муассисаҳои нав сохта шуданд. Барномаи эҳёи миллӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» маънои рамзӣ гирифт. Неругоҳи «Роғун» танҳо иншооти энергетикӣ нест, балки рамзи ирода ва хиради тоҷик аст. Вақте ки Пешвои миллат гуфтанд: «Роғун ояндаи миллат аст», ин танҳо шиор набуд, балки эътиқод ба худшиносӣ буд.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид доранд, ки Ватан мисли модар муқаддас ва ягона аст. Пешво дар ҳар гӯшаи ин сарзамин руҳи таърихро эҳсос мекунанд: дар кӯҳҳои Бадахшон, дар сарзамини Кӯлоб, дар хоки Хатлон ва Зарафшон, дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки Ватан танҳо хок нест, балки хотира, таърих, забон, хирад ва ҳастии миллат аст.

Фалсафаи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълимоти маънавии ниёгони тоҷикон пайванди амиқ дорад. Пешвои миллат мисли давлатдорон, файласуфон ва донишмандони гузашта, аз Ҷамшеду Куруши Кабир то Исмоили Сомонию Рӯдакию Синову Фирдавсӣ танҳо ба хирад ва ахлоқ такя мекунанд. Аз диди Пешвои миллат давлат бе ахлоқ пойдор нест ва ҳар роҳбар бояд намунаи виҷдон бошад, бинобар ин Пешво бо ростқавлӣ ва хоксорию фурӯтанӣ ин арзишҳоро зинда нигоҳ медоранд.

Фалсафаи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар мабнои тавозуни ақл ва эҳсос, анъана ва навоварӣ, арзишҳои миллӣ ва қонунҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтаанд. Пешвои миллат дарк мекунанд, ки миллат наметавонад бе ислоҳот зиндагӣ кунад, вале ислоҳот бе решаҳои фарҳангӣ хатарнок аст. Аз ин рӯ, дар сиёсати давлатдориашон навсозӣ ҳамеша бо эҳтиром ба суннат ҳамроҳ аст.

Пешво ба илму дониш ҳамчун неруи муқаддас менигаранд. Пешво ба насли ҷавон таълим медиҳанд, ки хирад калиди саодат аст. Бо ҳамин дидгоҳ, маориф ва илм ба сутуни асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, марказҳои касбӣ ва илмӣ бунёд шуданд. Барномаҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва дигарҳо нишон доданд, ки Пешвои миллат ба ояндаи зеҳнӣ ва рақамии миллат меандешанд.

Дар сиёсати хориҷӣ низ ин фалсафаи хирад ва масъулият зоҳир аст. Пешвои миллат масъалаи об ва иқлимро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварданд. Президенти Тоҷикистон инсониятро ба ваҳдат дар атрофи арзишҳои ҳаётӣ, ба монанди об, табиат ва адолат даъват намуданд ва ин ҳамаро идома дода истодаанд. Бо ташаббусҳояшон зиёда аз 10 иқдом, аз ҷумла, Даҳсолаҳои байналмилалии «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул шуданд. Ин ҳама аз диди Пешвои миллат ҳамчун фалсафаи масъулияти ҷаҳонӣ зода шудааст: «Об ҳаёт аст ва касе, ки онро ҳифз мекунад, инсониятро ҳифз мекунад».

Аз нигоҳи Президенти Тоҷикистон роҳбар будан маънои омӯзгор буданро дорад. Роҳбар на танҳо фармон медиҳад, балки маърифат меомӯзонад, дилҳоро бедор мекунад ва умедро зинда медорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «мардумро набояд идора кард, бояд фаҳмид, мушкилоташро дарк кард ва баҳри ислоҳи он кӯшиш намуд». Ва ин сухан, ки дар зоҳир сода аст, дар асл фалсафаи роҳбарии Пешвои миллатро пурра ифода мекунад.

Президенти мамлакат бо мардум мисли падар ҳастанд, ором, меҳрубон, вале қатъӣ дар ҳақиқат. Мардуми ҷумҳурӣ Пешворо на танҳо ҳамчун сиёсатмадор мешиносанд, балки ҳамчун инсони наздик, хоксор ва покнафс эҳсос мекунанд. Дар ҳар сафар, дар ҳар мулоқот, дар ҳар гуфтор муҳаббати Пешвои миллат ба мардум эҳсос мешавад ва ҳар таъкиде менамоянд, аз «миллати ман, ҳамватанонам, ман шуморо, ин Ватани биҳиштосоро дӯст медорам» шуруъ мешавад.

Дар фалсафаи Пешвои миллат роҳбарӣ бе худшиносӣ имкон надорад. Худшиносӣ бе меҳру масъулият пойдор намемонад. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ дар сиёсати роҳбариашон ҳамеша бо ваҳдат ва ахлоқ пайваст аст. Ваҳдат танҳо иттиҳоди одамон нест, балки иттиҳоди самимимии дилҳост. Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Мо бояд якдилу якрӯ ва муттаҳид дар атрофи як мафҳум – ваҳдати миллати бузургамон бошем, қувваи мо дар ваҳдат аст».

Ҳамин ваҳдат сабаби бузургтарин дастовардҳо гардид. Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, аз мамлакати фақир ба ҷумҳурии бунёдкор, аз минтақаи фаромӯшшуда ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бо сулҳ, бо об, бо фарҳанг ва бо Пешвои миллат мешиносанд.

Фалсафаи роҳбарӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат низоми пурра аст, ки дар маркази он инсон меистад. Инсон ҳамчун арзиши олӣ, на восита. Пешвои миллат мехоҳанд, ки ҳар шаҳрванди мамлакат озод андеша кунад, озод эҷод намояд ва бо ифтихор зиндагӣ кунад. Дар ин фалсафа илм, фарҳанг, табиат ва ахлоқ бо ҳам тавозун доранд. Миллат танҳо вақте комил мешавад, ки дар он хирад ва меҳр, адолат ва муҳаббат, имон ва маърифат якҷо бошанд.

Аз дидгоҳи фалсафии Пешвои миллат, давлат бе маърифат ҷисмест бе руҳ. Руҳро хирад ва худшиносӣ месозад. Давлати Тоҷикистон имрӯз руҳи худро дорад, ки руҳи хирад, руҳи ваҳдат ва руҳи инсонгароӣ аст. Ва ин руҳ аз дили Пешво сарчашма гирифтааст.

Ҳама дастовардҳои мамлакат, шуруъ аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» то конфронсҳои байналмилалии об, аз барномаҳои миллии таълиму тарбия то рушди шаҳри Душанбе дар асл ифодаи ҳамин сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Президенти Тоҷикистон мебошанд. Пешво ҳар иқдомро бо маънои маънавӣ оғоз мекунанд, зеро медонанд, ки сохтани пул ё роҳ осонтар аст аз сохтани дилу руҳ. Пешвои миллат чунин таъкид доранд: «Сохтани Ватан аз сохтани инсон оғоз мешавад».

Ин сухан фалсафаи давлатдориашонро ҷамъбаст мекунад. Ватан ин маҷмуи инсонҳост, на танҳо сарзамин. Ва роҳбар он касест, ки инсонро бо Ватан мепайвандад.

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат на танҳо Пешво, балки ойинаи ҳастӣ мебошанд, ки дар он миллат худро мебинад: меҳрубон, хирадманд, устувор ва созанда. Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳ, рамзи хирад ва рамзи худшиносӣ ҳастанд ва арҷгузорӣ ба ин абармарди таърих дар ин рӯз, яъне дар Рӯзи Президент вазифаи инсонию имонии ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Дар ҳамин ҷо матлаби худро дар масъалаи фалсафаи роҳбарӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат ба поён расониданӣ будам, албатта, дар шакли кӯтоҳу фишурда, зеро таҳлили пурраи ин масъала фарогиртар аз як мақола ва як китоб аст ва шояд муҳаққиқон боз атрофи он таҳқиқоти дигар анҷом диҳанд ва боз ҳам фарохтар фалсафаи роҳбарии Президенти Тоҷикистонро баррасӣ ва баҳогузорӣ намоянд. Ва ҳамин замон ахбори наве дастрасам гардид, ки 6 ноябри соли 2025 дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид. Қатънома аҳамияти таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруш»-ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад. Ин ташаббус тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардида буд, пешбарӣ шуд.

Пас, хулосаи мантиқӣ дар ин маврид чунин аст, ки ҳар рӯзи фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихсозист. Пешвои миллат таърихи миллатро муаррифгар, миллати куҳанбунёду тамаддунсозу тамаддунофар, шаҳрдору шаҳрнишинашро таҷассумгар ва амалисозандаи ормонҳои ҳазорсолаи миллатанд.

Бинобар ин миллат бояд ба Пешвои маҳбубаш арҷ гузорад, эҳтиром намояд ва содиқонаю самимона дар роҳи амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллати тоҷикон заҳмат ба харҷ диҳад ва бо Президенти худ ифтихор намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 12, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»