Аз Чини зебо то Осиёи Марказии «сабз»

Ноябрь 10, 2025 11:01

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рушди «сабз» асоси равшани муосиргардонӣ ба услуби чинӣ мебошад. Дар нақшаи панҷсолаи 15-ум (2026–2030) «Бунёди Чини зебо» расман ҳамчун ҳадафи асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ муқаррар карда шудааст, ки ин марҳилаи нави пешрафти тамаддуни экологии Чинро ифода мекунад.

Дар давраи панҷсолаи 14-ум (2021–2025) вазъи экологӣ дар Чин ба таври назаррас беҳтар шуда, дастовардҳо дар соҳаи рушди «сабз» бармало гардидаанд. Соли 2024 сатҳи миёнаи PM2.5 дар шаҳрҳои сатҳи музофот ва болотар нисбат ба соли 2020 16.3% коҳиш ёфта, ҳиссаи рӯзҳои дорои сифати хуби ҳаво 2.4 банди фоизӣ зиёд шудааст. Ҳиссаи қитъаҳои оби рӯизаминӣ бо сифати хуб бори аввал аз 90% гузаштааст. Сатҳи фарогирии ҷангалҳо дар саросари кишвар нисбат ба соли 2020 тақрибан 2 банди фоизӣ афзудааст, ки ин Чинро ба кишвари босуръаттар афзоянда аз ҷиҳати сабзиши фарогирии ҷангалҳо дар ҷаҳон табдил додааст.

Чин дар ҷаҳон низоми бузургтарин ва босуръаттарини рушдёбандаи энергияи барқароршавандаро бунёд кардааст. Соли 2024 ҳаҷми тавлиди неруи барқароршаванда ба 3,46 триллион киловатт-соат расидааст. Бузургтарин шабакаи барқпуркунии мошинҳои барқӣ дар ҷаҳон таъсис ёфтааст, ки барои ҳар 5 мошини барқӣ 2 нуқтаи пуркунӣ мавҷуд аст. Чин бо ҳаҷми захиракунии энергияи навтарин дар ҷаҳон ҷойи аввалро ба даст гирифтааст. Зиёда аз 40% патентҳои марбут ба энергияҳои нав ба Чин тааллуқ доранд. Истеҳсол ва фурӯши нақлиёти барқии нав дар ҷаҳон даҳ сол пай дар пай дар ҷойи аввал қарор дорад.

Расидан ба авҷи партовҳои карбон ва бетарафии карбон масъулияти Чин дар назди ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. 24 сентябри соли 2025 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳадафҳои нави саҳми миллии ихтиёрии Чинро эълон кард. Бори аввал пас аз марҳилаи авҷи партовҳои карбон ҳадафи коҳиши холиси партови тамоми газҳои гулхонаӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисод пешниҳод гардид. Ин иқдом барномаи бисёрсамтаи амали иқлимиро ташкил дода, нишон медиҳад, ки Чин ба марҳалаи нави рушди системавӣ, фарогир ва устувори пасткарбон ворид шуда, дар татбиқи ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳми мусбат хоҳад гузошт.

Чин фаъолона ҳамкории байналмилалии экологиро амиқтар мегардонад ва то имрӯз бо беш аз 100 кишвар ва минтақа лоиҳаҳои марбут ба энергияи «сабз»-ро амалӣ кардааст. Дар даҳсолаи охир талошҳои Чин боис шудаанд, ки арзиши ҷаҳонии тавлиди неруи бодӣ беш аз 60% ва неруи офтобӣ беш аз 80% коҳиш ёбад. Содироти маҳсулоти бодӣ ва офтобии Чин ба дигар кишварҳо тақрибан 4,1 миллиард тонна коҳиши партови карбонро таъмин намудааст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ рушди «сабз», камкарбон ва устуворро ҳамчун самтҳои асосии ислоҳоти иқтисодию энергетикӣ қарор додаанд. Ҳамзамон бо пешрафти ташаббуси «Як камарбанду як роҳ» ҳамкории Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои идоракунии экологӣ, гузариш ба энергияҳои тоза, кишоварзии «сабз» ва нақлиёти «сабз» пайваста амиқтар мешаванд.

Дар соҳаи идоракунии экологӣ Академияи илмҳои Чин ба Узбекистон зиёда аз даҳ навъи тухми растаниҳои намакдӯст, ки барои заминҳои шӯр мувофиқанд, пешниҳод кардааст. Пас аз парвариш дар озмоишгоҳ ин растаниҳо ба таври васеъ дар атрофи Баҳри Арал шинонда шудаанд, ки он ба беҳтар гардидани сатҳи шӯрии хок ва барқароршавии гуногунии биологӣ мусоидат кардааст.

Дар самти гузариш ба энергияҳои тоза Чин дар Қазоқистон якчанд лоиҳаҳои бузурги энергетикии «сабз» амалӣ кардааст, аз ҷумла лоиҳаи неругоҳи бодии 100-мегаватта дар Жанатас, неругоҳи бодӣ дар вилояти Акмола, неругоҳи бодии 60-мегаватта дар Алмато, инчунин неругоҳҳои обии Турғунсон ва Майна ва неругоҳи офтобии Кабучагай. Инҳо ҳама ба рушди энергияи барқароршаванда дар Қазоқистон мусоидат менамоянд. Моҳи апрели соли 2024 маросими гузоштани санги асоси неругоҳи офтобии 400 МВт дар Иссиқкӯл баргузор шуд, ки ин лоиҳа бо сармоягузории муштараки ширкатҳои чинӣ ва қирғизӣ амалӣ мешавад. Он аввалин намунаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тавлиди неруи офтобӣ гардидааст. Дар Туркманистон бо такя ба лоиҳаи лӯлаи гази Чин — Осиёи Марказӣ низоми таъмини газ аз се майдони бузурги газӣ — соҳили рости дарёи Аму, Марӣ ва Фарғона ташкил ёфтааст. Газ тавассути се хати қубури A, B ва C, ки аз ҳудуди Узбекистон ва Қазоқистон мегузаранд, ба Чин интиқол меёбад ва барои тақрибан 500 миллион аҳолии минтақа сӯзишвории тозаро таъмин мекунад.

Дар соҳаи кишоварзии «сабз» пас аз татбиқи системаи обёрии қатрагии интеллектуалӣ дар Минтақаи кишоварзии Янглинги Шэнси дар Қазоқистон ҳаҷми оби истифодашуда барои обёрии пахта 40% кам шуда, ҳамзамон ҳосил 25% афзудааст. Ҳамчунин Донишгоҳи шимолу ғарбии кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ бо Узбакистон Боғи намоишии кишоварзии сарфаҷӯёнаи оби Чин–Узбакистон таъсис додааст, ки дар он технологияҳои обёрии фишори офтобӣ ва обёрии қатрагӣ бо назорати оқилона барои об ва ғизодиҳӣ истифода мешаванд. Тавассути онҳо ҳосили пахта то 50% афзуд.

Дар соҳаи нақлиёти «сабз» дар се чоряки соли 2024 Узбакистон 16 209 адад нақлиёти барқӣ ворид кардааст, ки аз онҳо 16 131 адад истеҳсоли Чин мебошад. Қазоқистон нақлиёти барқӣ ва таҷҳизоти пуркунандаи барқро ҳамчун самтҳои асосии инноватсияи саноатӣ муайян карда, якчанд коҳиш ва сабукиҳои андозӣ ва субсидияҳо ҷорӣ намудааст. Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз сентябри соли 2025 тамоми таксиҳои пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ба мошинҳои барқӣ иваз карда мешаванд.

Бо умед ба оянда орзуҳои Чини зебо тадриҷан ба воқеият табдил ёфта, ҳамзамон ба рушди тамаддуни экологии ҷаҳонӣ ҳикмати чинӣ ва энергияи «сабз» илова мегарданд.

АКС: CGTN

Ноябрь 10, 2025 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Сиан 13-умин Форуми ҷаҳонии видеомедиа ва маросими таъсиси механизми «Шарикони медиаи Ҷануби Глобалӣ» оғоз ёфт
Мусоҳибаи хабарнигори CGTN доир ба изҳороти Пленуми 4-уми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин
Дар Пекин Ҳамоиши ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои занон баргузор гардид
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
ҲАМОҲАНГӢ БО ТАБИАТ-РОҲИ ШУКУФОӢ! Ва ё чӣ гуна деҳаи Юйчун ба намунаи шукуфоии сайёҳии «сабз» табдил ёфт
Си Ҷинпин даъват намуд, ки андешаҳои мардум дар таҳияи Нақшаи панҷсолаи 15-ум ба назар гирифта шаванд
Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин
Вобаста ба мавзуи «Иқтисодиёти Чин ва ҷаҳон: ҳамкорӣ ва имконият» ҷаласа доир шуд
Дар Пекин иҷлосияи 3-юми Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин, даъвати 14 -ум оғоз ёфт
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад