Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохтор ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ибтидои ҳамоиш директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода ҳозиринро бо ин рӯзи муҳим табрик намуда, таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳое баргузор мешаванд, ки ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва пос доштани шахсиятҳои таърихӣ равона шудаанд. Ба гуфтаи вай, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар ин гирдомадҳо ҷойгоҳи хоси худро дорад.
Гуфта шуд, ки муайян гардидани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз аз ҳамин рӯз марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷикон оғоз ёфта, Президенти аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ интихобшуда ба иҷрои вазифа шуруъ намуданд.
Ҳабибулло Назарзода иброз дошт, ки бо дарназардошти хиради азалӣ, сиёсатмадории муосир, таъмини сулҳу ваҳдат ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, Рӯзи Президент дар қонунгузории кишвар ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба роҳбари давлат муқаррар шудааст.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки таҷрибаи давлатдории кишварҳои пешрафта нишон медиҳад: шахсиятҳои бузург дар давраҳои мушкил зимоми давлатро ба даст гирифта, дар боло бурдани обрӯ ва ҷойгоҳи кишвари худ нақши таърихӣ гузоштаанд. Дар ҳамин замина корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки онҳо дар марҳилаву вазъияти барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар дӯши худ гирифта, барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд.
Агар ба корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ нигарем ба чунин ҷамъбаст ва натиҷагирӣ метавон расид, ки онҳо мӯҳтавои фаъолияти пурсамар ва назарраси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд:
— хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеа;
— тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;
— ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ;
— иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ;
— таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
— таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар;
— аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;
— таъмини амнияти озуқавории мамлакат, амалӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ;
— саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт;
— таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;
— сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод ва ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон.
Илова бар ин, ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муносибатҳои хориҷӣ ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд; бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст; Аз ҷумла:
Ташаббуси 1. Моҳи октябри соли 1999 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза равона гардад ва соли 2003-юм соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард.
Дар робита бо ин, аз 30 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмиллалӣ доир ба «Соли байналхалқии оби тоза» доир гардид, ки дар кори он намояндагони 53 кишвар, 93 ташкилотҳои байналхалқӣ ва олимони маъруфи ҷаҳони иштирок доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми форум суханронӣ карда қайд намуданд, ки «Тоҷикистон-ин кишвари дорои кӯҳҳои сарбаланд, ҳазорҳо кӯлҳо, дарёҳои шӯх, шаршараҳо ва обанборҳо мебошад… Мо обро ҳамчун манбаи ҳаёт доди Худовандӣ муқаддас мешуморем ва барои насли оянда онро бояд нигоҳ дорем»
Ташаббуси 2. Соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотои Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуда, дар солҳои охир барои бақои инсоният аҳамияти ҷиддӣ пайдо кардани масъалаи сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро махсус таъкид намуда, таклиф ба миён гузошт, ки солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби 140 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. Дар робита бо ин, 30-31 майи соли 2005 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар гузаронида шуд, ки дар кори он намояндагони 50 кишвар ва 40 ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар доираи ин даҳсола чорабиниҳои гуногун вобаста ба об доир гардиданд.
Ташаббуси 3. Соли 2013 дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намудани соли 2013 низ аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт ва дар заминаи он аз 28 то 30 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки дар Корея гузашт, доир ба натиҷагирӣ аз даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» суханронӣ намуда қайд карданд, ки «Дар чаҳорчӯбаи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир хушбинии моро ба оянда зиёдтар намекунанд. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбудии об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Самти муҳимми фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад, ки дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи неруи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошанд.
Ташаббуси 4. Бо дарназардошти ин, пешниҳод менамоям, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. 21 декабри соли 2016 тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси чоруми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушти устувор, солҳои 2018-2028» бо дастгирии зиёда аз 190 кишвар қабул гардид. 21 марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии об бо қатъномаи СММ даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушти устувор солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид.
Ташаббуси 5. 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим пазируфт. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро дар атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардум ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта ва эътироф шудаанд.
Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд, аз ҷумла, Президенти Федератсия Руссия Владимир Путин чунин ибрози андеша намудааст “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Қаҳрамони миллии Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дӯст медошт ва боре таъкид карда буд, ки “Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат тамоми захираву имкониятҳоро барои ободию гулгуншукуфоии кишвар ва беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
АКС/ВИДЕО: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муариифӣ гардид
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ПРЕЗИДЕНТ- КАФИЛИ ҲАСТИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш баргузор гардид
ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
«ПРЕЗИДЕНТ-КАФИЛИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
Маликшо Неъматзода ва Евгений Примаков рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад






