Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами Тоҷикистон дар Рашт панҷ иншоот ба истифода дода шуд
РАШТ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иншооти гуногун ба истифода дода шуданд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар ин рӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх барои сокинону меҳмонони ноҳия ҳаммоми замонавии дорои беҳтарин шароит мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр бунгоҳи тиббӣ, иборат аз як ошёна ва ҳуҷраҳои дорои мизу курсиҳо ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизоти тиббӣ ва ҳуҷраи хатна таъмин шуда, дар он барои кормандон беҳтарин шароити корӣ ташкил гардид.
Дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак роҳҳои байнидеҳавӣ мумфарш карда шуда, дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода пули мошингузар ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Зимни ифтитоҳи ин иншоот раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт


















ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






