«Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид

Ноябрь 26, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирии ҷараёни амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 декабри соли 2020 қабул гардида, 7 ҳадаф, 13 вазифа ва  88 чорабиниро дар бар мегирад.

Мақсади барнома беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ тавассути навсозии инфрасохтори дахлдори тандурустӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими дар ин барнома пешбинишуда эмгузаронии саривақтии кӯдакон тибқи нақшаи тақвимӣ ба шумор меравад, ки пурра иҷро гардид.

Яке аз ҳадафҳои асосии барнома сохтмон, навсозӣ ва таъмири иншооти тандурустии вилояти Хатлон ба шумор рафта, дар доираи он сохтмон, таъмир ва навсозии 82 иншооти соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи умумии 177 миллиону 450 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.  Дар айни замон дар 44 иншоот сохтмон ва таъмиру навсозӣ иҷро гардида, дар 29 иншоот сохтмон идома дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 26, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид