Чӣ боис шуд, ки лозури Деҳдал ин дафъа бо суръати баланд ҳаракат намуд?

Ноябрь 1, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чӣ сабаб гардид, ки яке аз пиряхҳои хавфноки Тоҷикистон, пиряхи Деҳдал (Дидал), ки дар ҳавзаи дарёи Сурхоб воқеъ аст, ин дафъа босуръати баланд ҳаракат намуд? Ба ин ва дигар саволҳо 31 октябр зимни брифинги матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ масъулину мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посух доданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳангоми ҳаракати пирях ҳамзамон ларзиши замин ба қайд гирифта шуд

Иттилоъ дода шуд, ки 25 октябри соли 2025, тақрибан аз соати 11:00 то 14:00 дар мавзеи деҳаи Сафедоб, ҳаракати такрории пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид. Ҳангоми ҳаракати пирях, ҳамзамон ларзиши замин ба қайд гирифта шуда, қисми бузурги ях бо андозаи 1300–1500 метр дарозӣ, 170–200 метр паҳноӣ ва 25–50 метр баландӣ, бо суръати тақрибан 6 метр дар як сония ба поён ҳаракат кард, ки массаи ях то нуқтаи баландии 1960 метр аз сатҳи баҳр расид.

Гармии аз 30 дарҷа боло ва зилзилаи Рашт омили асосии ҳаракати пиряхи Деҳдал гардид

Маълумоти метеорологии Маркази обуҳавосанҷии Агентӣ бозгӯи он аст, ки аз моҳи май то 27 октябри соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод боришоти шаддид ба қайд гирифта нашуда, ҳарорати баланди аз 30 дараҷа болои ҳаво муддати тӯлонӣ дар ин минтақа идома ёфт.

Инчунин зилзилае, ки моҳи апрели соли 2025 дар Рашт рух дод, пиряхро такон додааст.

Таъкид шуд, ки баландшавии ҳарорати ҳаво ва коҳиши боришот ба таназзули оммавии яхбандии пирях ва тағйири тавозуни обӣ оварда расонидааст. Ин равандҳо аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ ба низоми криосфераи Тоҷикистон мебошанд.

Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи муттахассион сафарбар гардид

Гуфта шуд, ки барои муайян кардани ҳолат ва хавфи пиряхи ҳаракаткардаи Деҳдал ба ин минтақа гурӯҳи муттахассиони Маркази яхшинсоии Агентии обухавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сафарбар гардида, корҳои тадқиқотиро анҷом доданд ва дар нуқтаи охирини пирях корҳои геодезӣ гузаронида шуд.

Деҳдал яке аз пиряхҳои ҳаракаткунандаи Тоҷикистон буда, дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст

Тавре сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Рамазон Раҳмонов дар брифинги матбуотӣ иттилоъ дод, дар натиҷаи мушоҳидаҳо ва корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ гузаронидаи Маркази яхшиносии Агентӣ дар моҳи сентябр ва маротибаи дуюм 25 октябри соли 2025 ҳаракат ва ҷудошавии қисмати бузурги пиряхи Деҳдал (Дидал) дар ҳавзаи дарёи Сурхоб, ноҳияи Тоҷикобод ба қайд гирифта шуд.

Пиряхи Деҳдал яке аз пиряхҳои ҳаракаткунандаи маъруфи Тоҷикистон буда, дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Пётри I, дар баландии тақрибан 4600 метр аз сатҳи баҳр, ҷойгир аст.

Масоҳати умумии он тақрибан 1,6 км мураббаъ ва дарозии он 4,8 км мебошад. Забонаи пирях дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Деҳдал дар моҳҳои сентябр ва октябр 6 маротиба ҳаракат намуд

Тибқи маълумоти моҳвораӣ ва мушоҳидаҳои саҳроӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони Агентӣ бо роҳбарии сардори Маркази яхшиносӣ Рамазон Раҳмонов анҷом дода шуд, дар санаҳои 18–19 сентябр, 24-27 сентябр, инчунин 7 ва 17 октябр чанд маротиба ҳаракати кӯтоҳи пирях мушоҳида шуд. Порчаи бузурги ях бо андозаи 1000–1200 метр дарозӣ, 160–200 метр паҳноӣ ва 20–40 метр ғафсӣ канда шуда, то масофаи 4 км ба сатҳи пирях ҳаракат намудааст.

Пирях бо суръати тақрибан 6 метр дар як сония ба поён ҳаракат кардааст

Мувофиқи маълумоти аҳолии маҳаллӣ, 25 октябри соли 2025, тақрибан соати 11:00 дар мавзеи деҳаи Сафедоб, ҳаракати такрории пирях мушоҳида гардид. Ҳангоми ин ҳаракат ларзиши замин ба қайд гирифта шуда, қисми бузурги ях бо андозаи 1300–1500 метр дарозӣ, 170–200 метр паҳноӣ ва 25–50 метр баландӣ, бо суръати тақрибан 6 метр дар як сония ба поён ҳаракат кардааст, ки массаи ях то нуқтаи баландии 1960 метр аз сатҳи баҳр расидааст.

Ҷараёни об дар рӯдхонаи Сафедоб ба ҳисоби миёна 2,19 метри мукааб дар як сонияро ташкил дод

Дар натиҷаи ҳаракат, дар қаъри дара омехтаи ях, санг ва хок ҷамъшуда, ҷинсҳои кӯҳии азим бо ҳаҷми то 10–15 тонна дар қисмати забонаи пирях мушоҳида гардиданд. Мувофиқи маълумоти гидрологӣ, ҷараёни об дар рӯдхонаи Сафедоб соати 15:15 ба ҳисоби миёна 2,19 метри мукааб дар як сонияро ташкил додааст, ки нисбат ба меъёр дар ҳамин давра дар ин дарёча баланд арзёбӣ мешавад.

Хавфҳои эҳтимолӣ ва зарурати мониторинг

Мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ таъкид намуданд, ки чунин зуҳурот –ҳаракати пиряхҳо метавонанд хатари ҷиддии табиӣ, муҳитзистӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро ба бор оранд. Аз ҷумла, эҳтимоли ташаккули кӯли пиряхӣ ва рахнаи он (GLOF) – ҳаракати ях метавонад маҷрои рӯдхонаро масдуд намуда, боиси ҷамъшавии оби зиёд ва шикастани монеаи яхию хокӣ гардад. Инчунин хисорот ба инфрасохтори маҳаллӣ ва роҳҳои кӯҳӣ – дар сурати идомаи ҳаракат ё шикастани қисмҳои нав, роҳҳо, хатҳои барқ ва иншооти муҳандисӣ метавонанд осеб бинанд. Ҳамзамон хатари обхезии ногаҳонӣ ва таҳдиди амнияти аҳолии поёнобро ба бор меорад.

Бояд мониторинги доимии пиряхи Деҳдал ва дигар пиряхҳои ҳаракаткунандаи ҷумҳурӣ идома ёбад

Бо дарназардошти ин хавфҳо, Агентӣ зарур медонад, ки мониторинги доимии пиряхи Деҳдал ва дигар пиряхҳои ҳаракаткунандаи ҷумҳурӣ идома ёбад, то баҳодиҳии саривақтии вазъ ва таҳияи нақшаҳои идоракунии хатари пиряхҳо таъмин карда шавад.

Деҳдал қаблан ҳар 40–45 сол якмаротиба ҳаркат мекард, аммо соли 2025 ҳаракати он 6 маротиба сабт шудааст

Пиряхи Деҳдал яке аз намунаҳои равшани пиряхҳои ҳаракаткунанда дар Тоҷикистон аст. Дар солҳои охир таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ин равандҳо бо басомади бештар рух медиҳанд. Тибқи мушоҳидаҳои бисёрсолаи Агентӣ, давраи ҳаракати ин пирях қаблан ҳар 40–45 сол якмаротиба ба амал меомад, аммо дар солҳои охир такроршавии ҳаракат дар фосилаи кӯтоҳ, аз ҷумла дар соли 2025 то 6 маротиба сабт шуд. Агар ҳарорти ҳаво баланд шавад эҳтимоли ҳаракати ин пирях боз вуҷуд дорад.

4-5 ноябр ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 8 то 10 дараҷа паст мефарояд

Ҳамзамон дар брифинги матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки 4-5 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯи гардида, 1 ноябр дар ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин рӯзҳо анбӯҳи ҳавои намнок ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, ки дар таркибаш ниҳоят намнокӣ дошта, бинобар ин ҳарорат дар қаламрави мамлакат аз 8 то 10 дараҷа паст мешавад. Дар ин робита, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ боридани боронҳои бошиддат ва дар кӯҳҳо барфу борон пешгӯӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Агентии обухавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз баррасӣ гардид
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард
Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд
Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?
Дар Душанбе масъалаи татбиқи Барнома оид ба меҳнати шоиста барои солҳои 2025–2026 баррасӣ гардид