Дар Бразилия таҷрибаи Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид

Ноябрь 15, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр ҳайати  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30) дар шаҳри Белени Бразилия дар Намоиши натиҷаҳо ва ҳалли масъалаҳои «Миқёси огоҳии бармаҳал барои ҳама: идоракунӣ ва амали маҳаллӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, зимни суханронӣ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинг ва пешгӯии офатҳои табиӣ, инчунин тадбирҳои амалигардида дар доираи Ташаббуси умумиҷаҳонии «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» муаррифӣ гардид.

Дар ин замина Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои яке аз аввалин кишварҳои ҷонибдори ин ташаббусҳо изҳори минатдорӣ ва кӯшишҳои Тоҷикистонро дар самти обу иқлим ва паст кардани офатҳои табиӣ баланд арзёбӣ намуд.

Бояд гуфт, ки Ташаббуси умумиҷаҳонии «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All – EW4All) иқдоми бузурги ҷаҳонӣ аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва махсусан Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар соли 2022 бо дастгирии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш оғоз гардид. Ҳадафи асосии он то соли 2027 бояд тамоми аҳолии кураи Замин ба низоми огоҳии бармаҳал аз офатҳои табиӣ ва хавфҳои обуҳавошиносӣ дастрасӣ дошта бошанд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид