Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ масоили муосири саноати мошинсозӣ ва маводшиносӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022–2026) таҳти унвони «Масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ ва маводшиносӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаи саноат ва илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои рушди минбаъдаи мамлакат заминаҳои устувор гузошта шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро чун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул намуд. Дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда, барои соҳибкасб намудани онҳо дар соҳаи фанҳои дақиқ, хусусан химия корҳои арзишманд ба анҷом расонида мешаванд.
Иброз гардид, ки саноатикунонии мамлакат замина фароҳам меорад, ки имконоти шаҳрвандон зиёдтар шуда, ҳамзамон даромади молиявӣ низ тағйир ёбад ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ маҳсулоти бозори беруниро иваз намояд. Аз ҷониби дигар, маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад.
Дар ин замина фаъолияти парки технологии донишгоҳ, ки ба беҳтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ тибқи он пеш бурда мешаванд, ёдоварӣ гардид.
Парки технологии донишгоҳ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти хуб надошт, ҳоло ба таври назаррас амал менамояд
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат дар ҳудуди боғи «Агробиолабораторӣ»-и донишгоҳ корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ фаъолият дорад. Он яке аз паркҳои муваффақ дар байни паркҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






