Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд

Ноябрь 24, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш зиёда аз 20 ҳазор нафар масъулин ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳамасола сокинони Душанбе ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаю муваффақияти пайдарпай истиқбол мегиранд. Парчами давлатӣ  нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқамон ба шумор меравад.

Парчам ва ойини парчамдорӣ дар байни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимӣ он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд, ки таҷассуми гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони мо мебошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад. Парчам дар радифи дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва  Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои  давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид  шаҳодат медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 

Ноябрь 24, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад